Пеш аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент ё иқомати муваққатӣ, бемориҳои сил, махав (лепра), сифилис (оташак) ва Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) надоштанатонро маълум кунед. Гирифторӣ ба ин бемориҳо метавонад асос барои манъи вурудатон ба кишвари хориҷӣ бошад.

Бисёре аз хонандагон ба идораи «Азия-Плюс» бо масоили вобаста ба қоидаҳои будубоши қонунӣ зимни муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия муроҷиат намуданд.

Дар бораи чиҳоро донистан зимни сафар ба Русия ва вазифаҳои аввалиндараҷа ҳангоми вуруд ба он ба «Азия-Плюс» роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Интеграционный центр «Миграция и Закон» (Маркази ҳамгиройӣ «Муҳоҷират ва Қонун)-и Русия, ҳуқуқшинос Дмитрий Михайлов маълумот дод.

- Писари ман баъди хатми донишгоҳ муддати тӯлонӣ натавонист, ки дар Тоҷикистон ҷойи коре пайдо кунад ва соли сеюм аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Маскав меравад. Пештар кори ӯ мавсимӣ буда, зимистон ба ватан, назди оила меомад. Чанде қабл зимни сафар ба хориҷи ФР нисбати ӯ дар бораи манъи вуруд ба қаламрави ФР ба муддати панҷ сол қарор қабул шуд. Ба ӯ гуфтанд, ки қоидаҳоро вайрон кардааст ва қайдаш дар маҳалли иқомати муваққатӣ қалбакӣ мебошад. Ӯ эътироф кард, ки дар қайдгузорӣ ба ӯ шиносҳояш дар вокзали Қазон кумак кардаанд ва ин дафъа кори ӯ омад накард. Акнун барои панҷ сол роҳи сафари Русия ба ӯ баста шуд. Пас муҳоҷир бояд чиро ба назар гирад ва чӣ гуна бо асосхои қонунӣ дар қаламрави Русия кору зиндагӣ кунад?

Абдулаҳад, ш.Қӯрғонтеппа

Абдулаҳади муҳтарам! Пеш аз ҳама шаш омили муҳимеро мехоҳам зикр намоям, ки онҳоро донистан ва зимни сафар аз Тоҷикистон ба Русия ба инобат гирифтан зарур аст, вазифаҳои аввалиндараҷаеро номбар кунам, ки дар навбати аввал онҳоро мебояд ба иҷро расонид.

1. Бовар ҳосил кардан ба мавҷуд набудани манъи вуруд ба Федератсияи Россия.

Агар шумо дар рӯйхати шахсони вурудашон ба Федератсияи Россия манъшуда ҳузур дошта бошгед, барои бо дигар роҳу воситаҳо гузаштани сарҳад кӯшиш накунед, аз ҷумла бо роҳи иваз кардани фамилия ё дигар маълумотҳои шиноснома.

Дар хотир дошта бошед, ки дар Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад ҷазо муқаррар шудааст. Шумо метавонед ба муҳлати то 4 сол (моддаи 322 Кодекси ҷиноии Русия) аз озодӣ маҳрум шавед.

2. Гузаштани муоинаи тиббии пешакӣ барои тасдиқи надоштани бемориҳои сироятӣ.

Дар Федерератсияи Россия номгӯи 4 беморӣ муқаррар шудааст, ки зимни ошкор шудани онҳо шумо дар қаламрави Русия ба таври қонунӣ кор карда наметавонед.

роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Интеграционный центр «Миграция и Закон» (Маркази ҳамгиройӣ «Муҳоҷират ва Қонун)-и Русия, ҳуқуқшинос Дмитрий Михайлов
Asia-Plus

Ҳамин тариқ, мувофиқи Фармони Вазорати тандурустии Федератсияи Россия гирифторӣ ба  бемориҳои сироятии зерин ба рад шудани додани патент, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ, иҷозатномаи зист асос шуда метавонад:

- сил,

- махав (лепра),

- сифилис (оташак),

- бемории аз Вирусии норасоии масуният (ВИЧ) пайдошуда.

То бовар ҳосил намудан ба надоштани бемориҳои дар боло зикршуда, ба харидани билет ва ба расмият даровардани патент пул сарф накунед. Барои гирифторони ин беморӣ кор дар қаламрави Россия манъ аст.

3. Дар хотир дошта бошед, ки бо ворид шудан ба Федератсияи Россия шумо бояд худро ба қайди муҳоҷират гузоред.

Мутобиқи созишнома байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистион дар қаламрави Федератсияи Россия, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Федератсияи Россия ҳузур доранд, дар муҳлати 15 рӯз аз уҳдадории ба қайд гузоштан дар маҳалли зист дар мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Россия озод карда мешаванд.

Дар сурати ҳузури шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистион дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлати зиёда аз 15 рӯз, шаҳрванди зикршуда уҳдадор аст, ки дар маҳалли будубош худро ба қайд гузорад.

Ҳамаи расмиёти ба қайд гузоштанро ҷониби қабулкунанда ба иҷро мерасонад, ки инҳо ба сифати он буда метавонанд:

- шаҳрванди Федератсияи Россия;

-шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки доимо дар Федератсияи Россия зиндагӣ мекунанд;

- шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ (корфармо, меҳмонхона, муассисаи тиббӣ, ки дар беморхона кумаки тиббӣ мерасонад), ки шумо амалан дар ихтиёраш зиндагӣ ё кор мекунед (ҳузур доред). (Моддаи 22 ҚФ «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷират»).

ДОНИСТАН МУИМ АСТ! Ба қайд гузоштан танҳо аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ анҷом дода мешавад. Танҳо мақомоти давлатӣ бо ворид намудани маълумотҳои шахсиатон ба пойгоҳи умумии муҳоҷират шуморо ба қайд гузошта метавонанд. Бо муроҷиат ба миёнаравҳо барои харидани ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи қайди муҳоҷират шумо худро зери хатари соҳиби ҳуҷҷатҳои қалбакӣ шудан мегузоред. Истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба ихроҷи маъмурӣ берун аз ҳудуди Федератсияи Россия боис шуда метавонад, ҳамчунин шуморо барои истифодаи ҳуҷҷатҳои баръало қалбакӣ метавонанд ба муҳлати то шаш моҳ ба ҳабс гиранд (Моддаи 18.8 КҲМ ФР; қ. 3. Моддаи 327 КҶ ФР).

4. Дониста бошед, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия муваққатан ҳузур дорад, танҳо бо доштани патент барои амалисозии фаъолияти корӣ ҳуқуқ дорад.

Шумо барои ба расмият даровардани патент 30 рӯз вақт доред. Мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия, барои ба расмият даровардани патент ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро дар муддати 30 рӯзи тақвимиӣ аз замони вуруд ба Россия пешниҳод кардан лозим аст. Бо назардошти он, ки кормандони шуъбаи минтақавии Раёсати масоили муҳоҷирати ВКД Россия бояд натиҷаҳои муоинаи тиббиро интизор шуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо бисанҷанд, тавсия дода мешавад, ки барои ба расмият даровардани патент дар муддати 20 рӯз аз санаи ворид шудан ба Россия муроҷиат намоед.

Дар сурати амалисозии фаъолияти корӣ бидуни патент шумо ба ҷавобгарии маъмурӣ бо ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми аз ду то ҳафт ҳазор рубл, ихроҷи маъмурӣ ба берун аз ҳудуди Федератсияи Россия бо манъи автоматии вуруд ба Россия ба муҳлати 5 сол ҷалб мешавед.

Дар баъзе минтақаҳои Федератсияи Россия зимни гирифтани патент нишон додани касбе, ки аз рӯи он кор карданӣ ҳастед, зарур аст. Ба интихоби касб хеле ҷиддӣ ва бодиққат муносибат намоед. Бо интихоби касб шумо бояд бидонед, ки баъди ба даст овардани патент, шумо танҳо бо касби дар он зикршуда кор карда метавонед. Дар шартномаи меҳнатӣ низ бояд касби дар патент нишондодаи шуморо зикр кунанд. Риоя накардани қоидаи мазкур метавонад ба оқибатҳои ҷиддӣ, то хориҷ кардан аз Федератсияи Россия боис гардад (Моддаи 18.10 КҲМ ФР).

Дар хотир дошта бошед, ки расман ба кор машғул шудан бо имзои шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ барои иҷрои корҳо (хизматгузорӣ) сурат мегирад. То ба имзо расидани шартнома ба кор оғоз накунед. Шартномаи меҳнатӣ – созишнома байни корфармо ва корманд мебошад, ки мутобиқи он, корфармо ба пешниҳоди кор ба корманд, таъмини шароити кор ва саривақту пурра ба корманд пардохтани музди меҳнат уҳдадор мешавад, корманд бошад, ба шахсан иҷро кардани вазифаҳои кории дар шартнома муайяншуда, риояи қоидаҳои реҷаи дохилии меҳнатии дар корфармо амалкунанда уҳдадор мешавад (Модд. 56 Кодекси меҳнати Федератсияи Россия).

Шартномаи меҳнатӣ кафолати ҳуқуқҳои шумо ба пардохти музди меҳнат шуморида мешавад. Ба иҷрои кор бидуни шартнома оғоз накунед. Дар шартнома ба реҷаи кор (вақти кор) ва ҳаҷми музди меҳнат таваҷҷуҳ намоед. Дар шартнома бояд фамилияи шумо зикр шуда бошад ва шартнома бояд аз ҷониби корфармо ба имзо расад.

Шартномаи дуруст баимзорасида – кафолати риояи ҳуқуқҳои шумо ва саривақт пардохт шудани воситаҳои пулии аз ҷониби шумо коркарда аст.

5. Вақтҳои аввал шумо бояд бо худ пул дошта бошед.

Барои ба расмият даровардани патент ба шумо пул лозим мешавад. Чӣ тавре ки дар банди 4 гуфта шуд, бидуни патент шумо ба кор кардан дар Россия ҳуқуқ надоред. Умедвор шудан ба он, ки шумо барои ба расмият даровардани патент дар Россия пул кор мекунед, лозим нест.

То оғози кор дар Россия, вақтҳои аввал шумо барои ба расмият даровардани патент бояд бо худ пул дошта бошед.

Нархи ба расмият даровардани патент бо пешпардохти аввали якмоҳа ба ҳисоби миёна 15 000 рублро ташкил медиҳад.

Вобаста ба минтақаи кори шумо маблағи патент метавонад ҳам зиёду ҳам камтар бошад.

6. Барои гирифтани патент шумо бояд аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Россия имтиҳон супоред.

Донистани забони русии худро бисанҷеду баҳо диҳед. Агар ин имтиҳонро муваффақона насупоред, ба шумо патенти кор дода намешавад.

Инфографикаи мо доир ба чӣ гуна гирифтани патент – ягона ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ба кори муваққатӣ дар Россияро тасдиқ мекунад.