Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чор нафар кӯдакони тоҷикро аз Ироқ ба ватан бозгардонид. Миёни онҳо Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола ҳузур доранд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор доштанд. Бародар ва хоҳари духтар Оиша мебошанд, ки ҳамон сол шабакаи телевизионии RT хабар дода буд. Худи Оиша ба ватан барнагашт. Сабабаш, тавре дар ВКХ хабар доданд, ҳомиладории ӯст.

Ҳамроҳи ин кӯдакон 25 апрел тариқи хатсайри Маскав - Душанбе Марями 9-сола низ ба ватан баргашт, ки қаблан дар бораи ӯ ҳам маълумот дода будем.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои мусоидат дар ин кори хайр ба ниҳодҳои марбутаи Ироқ, Кумитаи Байналмилали Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ изҳори сипос кард.

Дар департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикиситон хабар доданд, ки суди Ироқ оид ба ватан бозгардонидани 5 кӯдаки тоҷик, аз ҷумла Оиша қарор содир намуд.

«Аммо бинобар сабаби дар моҳи охирини ҳомиладорӣ қарор доштани Оиша, табибон алҳол ба аз Бағдод берун нарафтани ӯ тавсия доданд», - гуфтанд дар вазорат ва таъкид доштанд, ки баъди таваллуди тифл Оиша ба ватан бармегардад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2017 шабакаи телевизионии Russia Today хабар дод, ки Дар Ироқ духтари 16-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари бевамондаи ҷангии Давлати исломӣ (ДИ) дарёфт шуд.

Ӯ гуфтааст, дар роҳ ба паноҳгоҳ бо зане аз Русия бо ду кӯдакаш шинос шуда, вале дар роҳ зани русиягӣ аз бемории дил ҳалок мешавад.

«Нигоҳубини фарзандони ӯ - Марями 3-сола ва Фуадими 4-моҳаро ман ба уҳдаи худ гирифтам, - хабар дода будд аз қавли Оиша манбаъ. - Ному насаби модари духтарон номаълум буда, падарашон Самир ном дошт».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.