Дар Амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маросими тантанавии гусели 1000 нафар ихтириён ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин маросим беш аз 7 ҳазор нафар ҷавонон, афсарону сарбозон, кормандони комиссариати ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, волидони даъватшавандагон ва фаъолони вилоят ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ назди ҳозирин изҳори умед кард, ки наваскарони шуҷоъ бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм мегузоранд ва зимни иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Оинномаҳои хизматӣ, манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя хоҳанд кард.

1/11

Сипас, маъракаи мардумии "Нонгазон" доир шуд ва даъватшавандагон дар зери таронаҳои тоҷикона бо ҳамроҳии волидони худ то дергоҳ шодмонӣ намуданд. Барномаи ҷолиби консертии фарҳангиёни вилоят ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.

Зикр мегардад, ки барои даъватшавандагон ва волидони онҳо дар майдони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастурхони идона ороста шуд ва даъватшавандагон пас аз тановули хӯрок озими қисмҳои низомӣ шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.