Корҳои таъмиру навсозӣ дар биное, ки реактор дар он ҷойгир аст, пурра ба итмом расиданд, хабар дод Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Бино ба гуфтаи ӯ, корҳо оид ба барқарор намудани худи реактор идома дошта, барои идоракунии он мутахассисони маҳаллӣ дар хориҷи кишвар омода мешаванд.

“Масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои идоракунии реактор муҳим буда, аз ин рӯ, мо бо “Китайатом” ва “Росатом” дар ин самт созишномаҳо ба имзо рсонидем”,- иттилоъ дод ба журналистон Раҳимӣ.

Зимнан зикр шуд, ки қисмате аз мутахассисон дар пажӯҳишгоҳҳои илмии Русия (МИФИ ва МФТИ) ва боз 23 нафар мутахассисон дар Донишкадаи энергияи атомии Чин ва Донишкадаи таҳқиқоти ядроӣ дар Шанхай тарзи идоракунии реакторро меомӯзанд.

Мутахассисон аллакай интихоб ва номзадаии онҳо мавриди мувофиқасозӣ бо донишкадаҳо қарор дошта, мутахассисон ояндаи наздик ба таҳсил сафарбар мешаванд.

“Бовар дорам, ки бо анҷоми корҳои барқарор ва таъмиру навсозӣ дар реактор, мутахассисони мо барои идоракунии он омода хоҳанд буд”, - илова намуд Раҳимӣ.

Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, маҳсулоте, ки дар реактори ядроии «Аргус» баъди барқарор кардани фаъолияти он истеҳсол мешавад, дар саросари ҷаҳон серхаридор ва серталаб хоҳад буд.

Қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Фарҳод Раҳимӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки дар реактор истеҳсоли дорувории тиббӣ барои муолиҷаи бемориҳои саратон дар назар аст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон беморони саратон ҳамагӣ 10 фоиз бо дорувории зарурӣ таъмин мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.