Корвон ва Корвон Сити

Дар бозори Корвон метавон барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11 китобҳои дарсии нашрияҳои гуногунро дастрас кард. Баъд аз як сол агар ҳолати онҳо хуб бошад, бо нархи бароятон муносиб фурӯхта ҳам метавонед.

Дар Корвон Ситии рӯ ба рӯ он китобҳои дарсӣ ва лавозимоту дигар асбоби хониш дар контейнерҳо фурӯхта мешаванд. Нархҳо дар ин ҷо қобили қабуланд, лекин ивази китоб имкон надорад.

Олами китоби “Дониш”

Дар “Дониш” метавон ҳама гуна китоби дарсиву соли нашрашро фармоиш дод, ки баъд аз ду ҳафта онро ба шумо мерасонанд. Нархи китобҳои дарсӣ аз 40 то 70 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин ҷо ҳамчунин асбобу дигар лавозимоти хушсифати мактабиро харидан мумкин аст.

Мағозаи олами китоби “Дониш” дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯйи чойхонаи “Роҳат” воқеъ аст.

Мағозаи “Китоб”

Он собиқ “Олами китоб” аст, ки назди маркази савдои “Садбарг” воқеъ аст. Яктоаш дар рӯ ба рӯйи бинои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаи Айнӣ; дигарӣ каме дуртар аз мағозаи маснуоти заргарии “Тоҷик Кристал” дар назди фурӯшгоҳи ҷиҳоз ва сарулибоси туркии FLO LC ва Wikiki дар хиёбони Рӯдакӣ ва сеюмӣ дар рӯ ба рӯйи бинои ширкати “Вавилон Мобайл” дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст.

Дар шабакаи мағозаҳои китоби “Дониш” номгӯйи васеи китобҳои дарсӣ ва асбобу лавозимоти хониш пешниҳод мешавад. Дар ин ҷо китоб ҳам қабул мекунанд, лекин нархаш ба ҳолати он вобаста аст.


Ва боз – Kilk, Kainak, Dabur

Дар ин мағозаҳо метавон асбобу лавозимоти хушсифати хониш харидорӣ кард. Нархҳо қобили қабул ва дастрас мебошанд.

Kilk дорои шабакаҳои худ дар Душанбе буда, фурӯшгоҳи асосиаш дар кӯчаи Навобод 75а, Kainak дар рӯ ба рӯйи чойхонаи “Роҳат” дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст.  Мағозаи Dabur низ дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯйи мактаби №8 ҷойгир шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.