Гуштигири маъруфи тоҷик, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор қабул шуд.

Сомон Маҳмадбековро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода сазовори рутбаи лейтенанти хурди милитсия донист.

Сруат: маркази матбуоти ВКД ҶТ

Эргаш Маҳмабеков, мураббии Сомон Маҳмадбеков ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Сомон дар ҷамъияти варзишии “Динамо” ба вазифаи мураббӣ бо гирифтани рутбаи лейтенанти хурд ба кор қабул шудааст.

“Ин рутба барои фаъолияти минбаъдаи варзишии Сомон муҳим буда, акнун ӯ дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ байни сохторҳои қудратӣ зери парчами Тоҷикистон иштирок карда метавонад”, - иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин илова шуд, ки Сомон Маҳмадбеков аснои ҳузураш дар Тоҷикистон кормандони ВКД-ро машқ дода, худаш низ дар муҷтамаи варзишии вазорат тамринҳояшро анҷом дода метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.