Аз 29-уми ноябри соли 2018 торнамои www.news.tj – писандидатарин захираи иттилоотии Тоҷикистон барои аҳолии кишвар дастнорас шуд. Чунин қатъи дастрасӣ ба сомона давра ба давра пештар ҳам сурат мегирифтанд, лекин онҳо аз якчанд рӯз то ду моҳ идома меёфтанд.
Қатъи дастрасии кунунӣ бесобиқа шуд – он аллакай 365 рӯз идома дорад.
Чаро дастрасиро қатъ мекунанд?
Расман торнамои “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон касе намебандад. Ба дархостҳои идора Хадамоти алоқа, ки масъалаҳои марбут ба телекоммуникатсияро танзим мекунад, посух медиҳад, ки онҳо сомонаи “Азия-Плюс”-ро намебанданд ва ин танҳо “мушкили фаннӣ” аст.
Бо вуҷуди ин, айни замон сомона танҳо тариқи VPN дастрас аст. Яъне онро касе мебандад, вале аз эътирофи ин кораш метарсад, зеро мефаҳмад, ки қонунро риоя намекунад.
Ин дар ҳолест, ки дар торнамои “Азия-Плюс” ба унвони ҳукуматдорон ягон маводи ҷиддии интиқодӣ вуҷуд надорад.
Баръакс қисмати назарраси маводро хабарҳо дар бораи фаъолияти президент, ҳукумат, дигар сохторҳои давлатӣ ташкил медиҳанд. Қисмати боқимонда аз матолиби маърифатию фароғатӣ иборат аст.
Чаро дастрасиро қатъ мекунанд?
Ба гуфтаи сармуҳаррир Умед Бобохонов, сабаби бастани сомона он буда метавонад, ки идора нашри маводи пастсифати тарғибиро, ки гоҳ-гоҳ баъзе сохторҳо пешниҳод мекарданд, рад мекунад.
“Мо барои ҳамкорӣ бо ҳукумат омодаем ва инро тӯли 24 соли фаъолияти худ анҷом додаем, лекин мо ба касби худ ва хонандагонамон арҷ мегузорем, бинобар ин, аз нашри чунин мавод худдорӣ меварзем. Бигзор ҳар кас ба кори худ машғул шавад”, - мегӯяд сармуҳаррири нашрия.
Бастани сомона чӣ натиҷа дод?
Бастани сомона идораро маҷбур кард, ба коре машғул шавад, ки пештар барои он мудом фурсат намерасид, яъне таваҷҷуҳ ба рушди саҳафаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Муддати як сол “Азия-Плюс” сафи обуначиёни худро дар Facebook аз 25 ҳазор то ба 57 ҳазор нафар зиёд кард. Дар Instagram аз чандсад то ба 37 ҳазор нафар. Шумори корбарон дар YouTube қариб чаҳор маротиба – аз 15 то 55 ҳазор нафар афзуд. Шабакаи Телеграми “Азия-Плюс” тӯли як сол ба калонтарин дар Тоҷикистон табдил ёфта, айни замон беш аз 8 ҳазор нафар обуначиён дорад.
Ҳамин тариқ, шумори корбарони “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ то 160 ҳазор нафар расид, ки соле пеш ҳатто орзуи онро надоштем! Афзоиши шумори обуначиёни “Азия-Плюс” дар «Одноклассники», «ВКонтакте», «Твитер», «Яндекс-Дзен» ва «Вайбер» низ идома дорад.
Барои ҳамаи ин дастовардҳо “Азия-Плюс” имрӯз ба “накӯкорон”-и номаълум, ки як сол пеш дастрасиро ба сомона қатъ карда, бидуни хоҳиш ба рушди ҷойгоҳи нашрия дар шабакаҳои иҷтимоӣ такон бахшиданд, изҳори сипос мекунад.
Бешубҳа, ҳафтаҳои аввали баста шудани торнамо шумори корбарони он ба таври қобили мулоҳиза кам шуд. Лекин баъд аз чанде хонандагони мо бо воқеъияти нав одат карда, ба истифодаи VPN пардохтанд. Дар натиҷа, шумори корбарони сомона ба нишондиҳандаҳои соли гузашта наздик мешавад.
Фардо чӣ мешавад?
Имрӯзҳо “Азия-Плюс” бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар соли нав нақшаҳои рушди минбаъдаро дорад. Аз хонандагони худ, ки бо вуҷуди душвориҳои техникӣ, ҳамроҳи мо мемонанд, самимона сипосгузорем. Мо талош хоҳем варзид, ки дар шаклҳои ҷолиб барои онҳо маводи хушсифату гуногун таҳия карда, лоиҳаҳои наверо, ки ба рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистон равона шудаанд, роҳандозӣ кунем.
Барои тиҷорати ватанӣ ва шарикони рекаламадеҳ воситаҳои нави пурсамар ва платформаҳои таблиғу пешбурди маҳсулоту хизматрасонии онҳоро пайдо мекунем. Бовар дорем, ки танҳо тиҷорати хусусӣ метавонад омили ҳалкунандаи рушди иқтисоди миллӣ шавад ва мехоҳем ҳамаҷониба ба инкишофи он мусоидат кунем.
Масъалаи бастани торнамо чӣ мешавад? Ростӣ, намедонем. Шахсоне, ки тӯли тамоми соли гузашта ба рушди “Азия-Плюс” монеъа шуданӣ буданд, минбаъд ҳам бар хилофи ақли солим метавонанд сомонаи мақбултарини иттилоотиро банданд ва хонандагонро маҷбур созанд, ки дар интернет дигар сарчашмаҳои маълумотро ҷустуҷӯ кунанд.
Аммо ҳамчунин метавонанд дарк кунанд, ки ин барои ҷомеа хатарнок буда, ба манфиатҳои миллӣ ва ҳукумат созгор нест.
Дер ё зуд ба ҳамаи мо лозим меояд, ки ба ҳар кадоме аз тасмимҳои гирифтаи худ посух бигӯем.
Ин ва дигар матолиби Asia-Plus дар Telegram дастрас мебошанд:
ба забони тоҷикӣ - https://t.me/asiaplustj
ба забони русӣ - https://t.me/asiaplus
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.