Лимон (лимӯ) дар Тоҷикистон имсол арзон шуд. Агар қаблан дар мавсим 1 килои он 10 сомонӣ нарх дошт, айни замон арзиши он аз 4 сомонӣ сар мешавад.

Ба гуфтаи деҳқонону мутахассисони бахши кишоварзӣ, сабаби поинравии нарх дар он аст, ки ҳарчи бештар одамон ба парвариши зироатҳои ситрусӣ, аз ҷумла, лимон машғул шуданд ва тавре маълум шуд, парвариши онҳо начандон заҳматталаб аст.

Дар якчанд сотих қитъаҳои наздиҳавлигии худ мардум бо харҷи начандон маблағи зиёд гармхонаҳо сохта, зироатҳои ситрусӣ парвариш мекунанд ва он даромади хуб меорад.

Талаботи асосӣ зимни парвариши ин навъи зироатҳо нигоҳ доштани ҳарорат дар сатҳи +20 мебошад. Зиёд шудани шумори чунин шахсон ва ҳосилнокии хуби ин зироат ба поинравии нарх дар бозорҳо мусоидат кард.

Қобили зикр аст, ки солона дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ наздики 5 ҳазор тонна ҳосили лимон гирифта мешавад. Нисфи он ба хориҷи кишвар, асосан ба Русия содирот мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.