Боз кардани роҳи мошингард аз маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дар ҷашни Наврӯз пешбинӣ шудааст. Моҳи декабри соли гузашта зимни шиносоии муовини сарвазир бо рафти амалисозии лоиҳа дар ин хусус хабар дода шуд.

Он замон зикр гардида буд, ки корҳо дар ин ҷо шабонарӯзӣ ҷараён дошта, роҳ 20-уми марти соли 2020 пурра ба истифода дода мешавад.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи чорроҳаи Қарияи Боло дар робита ба корҳои таъмиру навсозӣ охири моҳи феврали соли 2018 қатъ гардида буд.

Ин эстакада дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳа оид ба беҳбуди вазъи роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе сохта мешавад.

Суратгузориш аз ҷараёни корҳо дар ин қитъаи роҳ пеш аз бозшавӣ.

Аксҳо аз Нозим Қаландаров.

1/29

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.