Имрӯз, 23-юми апрел дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе маъруф ба маҳаллаи “1-ум Советский” 3 нафар беморони ҳолаташон вазнин фавтиданд. Мегӯянд, ки онҳо илтиҳоби шуш доштаанд.
Дар бораи марги 3 бемор дар ин муассисаи тиббӣ духтури маҳаллӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Вай афзуд, ки онҳо дар ҳолати вазнин қарор доштанд. Тестҳои ба коронавирус аз онҳо гирифташуда натиҷаҳои манфӣ доданд. Синни ду нафари фавтида аз 60-сола боло буда, як каси дигар соли 1984 таваллуд шудааст.
Аз бегоҳи 21-уми апрел то дирӯз, 22-юми апрел дар ҳамин беморхона 4 нафар аз илтиҳоби шуш фавтида буданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сарвари беморхона Хуршед Рустамзода хабар дода буд. Баъдан ин маълумотро Вазорати тандурустӣ низ тасдиқ кард.
Сарвари Маркази тиббии №1 ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ташхиси коронавирус дар ин 4 нафар мардони фавтида натиҷаи манфӣ нишон додааст.
Хабари имрӯзаро дар бораи фавти боз 3 нафар Хуршед Рустамзода ба “Азия-Плюс” тасдиқ накард, вале инкор ҳам накард. “Ҳамаи маълумотро ба Вазорати тандурустӣ фиристодем. Ба онҳо занг занед, пешниҳод мекунанд”, - изҳор дошт сарвари беморхона.
Дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабари фавти одамонро рад карданд. “Ҳамаи онҳо зиндаанд, ман худи ҳозир бо роҳбарияти беморхона гуфтугӯ кардам”, - иброз дошт сухангӯйи вазорат Бибихонум Дарвешзода.
Дар иттилои 22-юми апрел нашркардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ гуфта мешавад: “Вақтҳои охир гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории пневмония дар Тоҷикистон авҷ гирифта, боиси фавти чанд нафар шудааст. Бо мақсади чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус вазорат тасмим гирифтааст, ки беморони илтиҳоби шуш ва дигар бемориҳои роҳҳои нафаскаширо дар як марказ бистарӣ карда, ба табобат фаро гирад. Айни замон ҳамаи ин беморон дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе “Якум Советский” бистарӣ мебошанд. Ҳоло дар ин марказ 114 нафар муолиҷа мегиранд. Айни ҳол 3 бемори дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд”.
Ёдрас мекунем, ки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи ситоди пешгирии коронавирус изҳор дошт, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир ба саломатии шаҳрвандони мамлакат таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш (пневмония) зиёд ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва иттилооти Вазорати тандурустии кишвар, соли гузашта шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш 12 ҳазору 802 нафарро ташкил додааст. Аммо дар бораи шумори фавтидагон аз ин беморӣ маълумот дода нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.