Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба роҳбарони ҳамаи мактабҳои олии кишвар дастур додааст, ки донишҷӯёни шартномавиро барои саривақт напардохтани маблағи таҳсил аз муассисаҳои таълимӣ хориҷ накунанд.
Ин қарор дар робита ба хуруҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ қабул шудааст.
Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, Имомзода изҳор доштааст, ки ба донишҷӯён барои дар вақти дигар бо хуб шудани вазъ дар кишвар ва пайдо шудани имконоти молиявӣ пардохт кардани маблағи шартномаи таҳсил имкон дода шавад.
Вазир таъкид доштааст, донишҷӯёне, ки бинобар сабабҳои гуногуни узрнок дар имтиҳоноти хатм иштирок карда наметавонанд, имтиҳони онҳо ба даври дигар – семестри тирамоҳӣ гузаронида шавад.
Бо супориши вазир, пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ ва имтиҳоноти хатм, ки 15-уми май дар назар аст, дар тамоми бинову корпусҳои таълимӣ, синфхонаҳои донишкадаю донишгоҳ ва омузишгоҳҳои Тоҷикистон корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) гузаронида мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.