Нозироти давлатии санҷиши сифати таълими назди ҳукумати Ӯзбекистон рӯйхати мактабҳои олии кишварҳои хориҷи наздикро, ки барои ӯзбекистониҳо номақбуланд, тартиб дод.
Тавре хабаргузории “Фергана” бо истинод ба гузориши таҳлилии ин нозирот иттилоъ медиҳад, аз ҷумла, сифати таълим дар 8 мактаби олии Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Ӯзбекистон мутобиқат намекардааст.
Таҳлили сифати маълумоти олӣ бар асоси тестҳое гузаронида шудааст, ки дар Ӯзбекистон барои эътирофи дипломҳои хориҷӣ мегиранд. Аз ҷумла, сифати маълумоте, ки ӯзбекистониҳо дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон мегиранд, санҷида шудааст.
Дар гузориш қайд мешавад, ки арзиши таҳсил дар аксари мактабҳои олии кишварҳои ҳамсоя “ба гирифтани маълумоти босифат имкон намедиҳад”. Ва тавсия дода шудааст, ки мебояд дар давлатҳое маълумоти олӣ гирифт, ки дар рейтингҳои маъруфи таҳсил мавқеъҳои баландро ишғол мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, зикр шудааст, ки муассисаҳои маълумоти олии дар Тоҷикистон амалкунанда ба ҳазоргонаи якум дар рейтинги мактабҳои олии эътирофшуда (ARWU - Рейтинги академии донишгоҳҳои ҷаҳон, THE - Times Higher Education, QS - Quacquarelli Symonds World University Rankings) дохил нестанд. Инчунин Тоҷикистон рейтинги умумӣ ё миллии муассисаҳои таълимии маълумоти олӣ надорад.
Дар рӯйхати мактабҳои олии Тоҷикистон, ки барои ӯзбекистониҳо “номақбул” дониста шудаанд, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи кушоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон зикр шудаанд.
Моҳи феврал ҳукумати Ӯзбекистон ба донишҷӯёни худ, ки дар кишварҳои ҳамсоя таҳсил мекарданд, пешниҳод намуд, ки бе супурдани имтиҳон ба мактабҳои олии Ӯзбекистон гузаранд. Дар натиҷа аксари донишҷӯёни ӯзбекистонӣ мактабҳои олии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистонро тарк карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.