Вазорати маорифи Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ба донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, имкон диҳад, ба хонаҳояшон баргашта, таҳсилро дар ватан идома диҳанд.
“Тасмими бозгашт ва идомаи таҳсилро дар ватан худи донишҷӯёни ӯзбек, ки дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, изҳор медоранд ва ин қарори онҳо ихтиёрист”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе.
Мувофиқи маълумоти Вазорати маорифи Ӯзбекистон, ду чиз сабаб шудааст, ки чунин тасмим гирифта шавад: аввал, ба вазорат аз волидони донишҷӯён бисёр арзу шикоят расидааст, ки онҳо фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд, интиқоли пул душвор аст; дуюм, чанде аз мактабҳои олии Тоҷикистон дар рейтинги миллии Ӯзбекистон нестанд. Аз ин рӯ, сифати маълумоти дар Тоҷикистон бадастоварда зери суол гузошта мешавад.
Ҳукумати Ӯзбекистон таъкид мекунад, ки ин қарор ба хатари коронавирус ё ҷалби шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сафҳои созмонҳои террористӣ вабаста нест.
Вазорати маорифи Ӯзбекистон шарҳ додааст, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, донишҷӯ танҳо тобистон ва танҳо пас аз соли дуюми таҳсил барои гузаштан ба дигар муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад.
Ӯзбекистон дар қатори Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ, ки дар мактабҳои олии Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон таҳсил мекунанд, низ чунин имкон додааст.
Бино ба маълумоти сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, айни замон дар мактабҳои олии Тоҷикистон наздики 2 ҳазор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.
Ҷавонони ӯзбек дар мактабҳои олии Тоҷикистон дар Душанбе, бештар дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, ҳамчунин муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Данғара таҳсили илм мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.