Дар зарфи 7 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 29 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии наздики 12 ҳазор тонна аз 52 кишвари ҷаҳон расидааст.
Кишварҳои мададрасони асосии имсола ба Тоҷикистон Чин (43,2% аз ҳаҷми умумӣ), Ӯзбекистон (13,7%), Туркия (13,5%), Қазоқистон (6,4%), Ҳиндустон (5,9%), Русия (3,3%), Дания (2,7%), Нидерланд (1,9%), ИМА ва Белгия (1,4%-ӣ), Олмон (0,9%), Малайзия (0,7%) ва дигар давлатҳо маҳсуб меёбанд.
Дар ҳамин ҳол, зимни суханронӣ рӯзи 18 август дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар давраи пандемияи коронавирус (30 апрел аз аввалин сироятёбӣ хабар дода шуд, - Эзоҳи идора) аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи қариб 34 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расиданд.
“Ба онҳо барои ёрии саривақтӣ изҳори ташаккур мекунам”, - таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.
Қаблан Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ овозаҳои ба фурӯш гузоштани кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ ва маводи тиббиро рад кард.
Роҳбари Агентӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 28 июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон ягон далели фурӯши кумаки башардӯстона ба қайд гирифта нашудааст.
Ин овозаҳоро қаблан прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон низ беасос унвон карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.