Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ президенти Тоҷикистон дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз Боғи нави фарҳангӣ-фароғатиро мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи фарҳангию фароғатии муосир аз ҷониби 11 нафар соҳибкори ватандӯсти ноҳия бунёд шудааст.

“Тибқи лоиҳа ин маркази зебо ҳамчун боғи кӯдакона барои истироҳату фароғат ва омӯзиши таърихи иншоотҳои муҳими тамаддуни башарӣ, инчунин тарбияи эстетикии кӯдакону ҷавонон бунёд карда шудааст”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҳудуди боғ майдончаҳои бозии кӯдакона, атраксионҳо, катора, муҷассамаи иншоотҳои таърихии ба руйхати муъҷизаҳои олам воридгардида ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд шуда, майдони ҳудуди он сабзазор ва барои хуррамгардонӣ дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Намои шабонаи боғ низ аз ҳисоби чароғҳои ранга хеле дилкашу зебо мебошад. Роҳравҳои ҳудуди боғ сафолакпӯш гардида, барои истироҳаткунандагон курсиҳо гузошта шудааст. Барои сайругашт ва фароғати кӯдакону наврасон 10 намуди атраксионҳо насб гардидааст. Ҳудуди боғро фаввораҳои хурду бузург зебу зиннат бахшида, ба ин марказ ҳусни дигар зам мекунад.

1/8

Тибқи маълумоти дарёфтӣ, дар “Вомар Ленд” нусхаи Нусхаи ҳайкали Озодӣ, манораи Эйфел, Бурҷи Пизан, Биг-Бен, нусхаҳои калисои ҷомеи Василий Блаженний, Девори Бузурги Чин ва Регистон (маҷмааи Самарқанд) сохта шудааст.

Дар ноҳияи Дарвоз президенти мамлакат инчунин дар истироҳатгоҳи Чорчаман меҳмонхонаи наву замонавии “Чорчаман Хилс”-ро ифтитоҳ намуд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст.

Меҳмонхонаи сеошёна аз 25 ҳуҷра иборат буда, баъди бунёди он дар ин ҷо то 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти меҳмонхона, инчунин хизматрасонӣ ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин карда шудааст.

1/12

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.