Дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ айни замон сохтмони боғи фароғату истироҳат барои кӯдакон - “Вомар Ленд” ҷараён дорад. Нусхаи ҳайкали Озодӣ, ки дар он сохта шудааст, ба вокуниши гуногуни корбарони Facebook боис гардид.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи боғи нав алҳол маълумот начандон зиёд буда, сарчашмаи нахусти он саҳифаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар Facebook мебошад.
Маҳз аз ҷониби кӣ ва бо кадом маблағҳо сохтани боғ ҳам маълум нест.
Тибқи маълумоти дарёфтӣ, дар “Вомар Ленд” нусхаи манораи Эйфел, Бурҷи Пизан, Биг-Бен аллакай қомат афрохта, рӯзҳои наздик нусхаҳои калисои ҷомеи Василий Блаженний, Девори Бузурги Чин ва Регистон (маҷмааи Самарқанд) сохта мешаванд.
Дар паҳлӯи ҳар кадоме аз иншоот ҷадвали иттилоотӣ гузошта хоҳад шуд, ки маълумоти аниматсионии муфассалро дар бораи он дар бар хоҳад дошт. Ғайр аз ин, дар қаламрави боғ аттраксионҳои гуногун барои кӯдакон бунёд гардида, барномаҳои фароғатӣ дастрас хоҳанд буд.
Маросими ба истифода додани боғ моҳи августи ҳамин сол дар назар аст. Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи YouTube навори видеое нашр шудааст, ки дар он доир ба ҷараёни сохтмон дар “Вомар Ленд” ва иншооти аллакай қоматафрохтаи он маълумот дода мешавад.
Дарёфти маълумоти бештар муфассал дар бораи боғ аз ҷониби раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода муяссар нашуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.