Дар Тоҷикистон ба мисли ҳамаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ афзоиши ҳолатҳои гирифорӣ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) идома дорад, гуфта мешавад дар Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025.
Дар Барнома зикр мешавад, ки вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон шиддатнок боқӣ мемонад.
Муаллифони санад тамоили афзоиши сабти ҳолатҳои нави гирифторӣ ба ВНМО-ро, ки тариқи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, таъкид месозанд.
Тибқи маълумоти дар Барнома овардашуда, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 11986 ҳолатҳои гирифторӣ ба ВНМО, аз ҷумла 7698 ҳолат (64,1%) миёни мардон ва 4288 ҳолат (35,8%) байни занон ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин шумор 3230 нафар фавтида, теъдоди шахсони бо ин вирус зиндагидошта 8756 касро ташкил медиҳад.
Ҳолатҳои нави сироят аксаран дар шахсони синни 18-сола ва болотар аз он ошкор шуда, ба шахсони синни 15-17-сола 1,4% ҳолатҳои нав рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, таҳиягарони Барнома аз афзоиши сабти ҳолатҳои нави гирифторӣ ба ВНМО байни кӯдакони синни то 14-сола (14% аз ҳамаи ҳолатҳои нави сироят) изҳори ниагронии ҷиддӣ мекунанд.
Шумори кӯдакони синни то 14-солаи бо ВНМО зиндагидошта 1022 нафар ё худ 11,7% аз теъдоди умумиро ташкил медиҳад.
Инчунин аз сатҳи хеле дери муроҷиати одамон барои гузаштан аз тести ВНМО изҳори нигаронӣ мешавад.
Миёни сироятёфтагон аз вирус 2466 нафар дар вилояти Хатлон, 1992 нафар - дар шаҳри Душанбе, 1963 кас - дар вилояти Суғд, 1955 нафар - дар Ноҳияҳои тобеи марказ ва 381 нафар - дар ВМКБ зиндагӣ мекунанд.
Барнома бо мақсади пурзӯр намудани раванди манъшавии эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон, паст намудани фавт аз БПНМ, расидан ба дастрасии баланди хизматрасонии пешгирикунанда, табобат ва нигоҳубин дар самти ВНМО барои ҳар як шахс, беҳтар намудани саломатӣ ва баланд бардоштани сифати солимии аҳолии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Дар нақшаи татбиқи Барнома ҳудуди 180 чорабиниҳои гуногун пешбинӣ шудааст, ки барои амалисозии онҳо дар муддати 5 сол равона гардидани наздики 487 млн сомонӣ (43 млн доллар) маблағ дар назар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.