Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз тоҷикистониён дархост кардааст, ки вобаста ба вазъи баамаломадаи геополитикӣ ва ноустувории иқтисодӣ дар ҷаҳон ба таҳлука дода нашуда, меъёрҳои муқарарнамудаи қонунгузории Русияро тибқи тартиби муқараргардида риоя намоянд.

Дар саҳифаи Вазорат дар Facebook вобаста ба овозаҳо дар бораи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ «Сахарово» зикр мешавад, ки Марказ тибқи тартиби муқараргардида, ҳамарӯза аз соати 8:00 то 20:00 барои шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамояд.

“Дар шабакаҳои иҷтимоии блогерон ва шахсони манфиатҷӯ дар бораи фаъолияти Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати «Сахарово» овозаҳои беасос нашр мешаванд. Шаҳрвандони мо набояд ба ин овозаҳо бовар карда, ҳангоми пардохти маблағи моҳонаи ҳаққи иҷозаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ба марказ муроҷиат намоянд”, - омадааст дар хабар.

Ба муҳоҷирон намояндагӣ тавсия медиҳад, ки аз хизматрасониҳои бонкҳо истифода намуда,  баргаи (чек) онро бо худ то дер нигоҳ доранд. Дар иртибот ба вазъи ба амаломадаи бонкӣ пардохти пеш аз муҳлати он (2-3 рӯз пеш) ба манфиат мебошад.

Гуфта мешавад, ҳамзамон, дар ин давра тавсия дода мешавад, ки вобаста ба тағийрёбии қурби асъор аз хароҷотҳои дуюминдараҷа ва зиёдатӣ худдорӣ намуда, маблағҳои худро сарфакорона истифода намоед.

Инчунин, пеш аз убури сарҳади давлатии Русия маълумотҳои худро аз махзани маълумотии Вазорати корҳои дохилии ин кишвар оид ба манъи вуруд тафтиш намуда, пасон сарҳади давлатиро убур намоед.

“Дар давраи ноустувории иқтисодӣ эҳтимоли сари вақт  напардохтани музди меҳнат шояд зиёд гардид, аз ин лиҳоз тавсия дода мешавад, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, тибқи талаботҳои шартномаи меҳнатӣ фаъолият намоед. Инчунин зарур аст, ки ҳангоми илованамоии соатҳои корӣ низ шартномаи иловагӣ ба имзо расонидашуда, нусхаи онро ҳатман дар худ маҳфуз доред”, - таъкид мешавад дар хабари Вазорат.

Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати «Сахарово» дар суроғаи: шаҳри Маскав, ш.Вороновское, шоҳроҳи Варшава, километри 64-ум, хонаи 1, бинои 47 воқеъ аст.

Дар сурати пайдо шудани зарурати дарёфти маълумот ё гирифтани машварат метавон ба Хадамоти ягонаи маълумотномадиҳии шаҳри Маскав муроҷиат намуд, ки шабонарӯзӣ кор мекунад. Телефони Маркази муҳоҷират барои дарёфти маълумот: +7 (495) 777-77-77.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.