Нархи миёнаи билетҳои ҳавопаймо аз Русия ба хориҷи кишвар дар давраи аз 21 то 31 октябр дар муқоиса бо давраи рӯзҳои 21-30 сентябри соли равон зиёда аз 25% поин рафт, хабар медиҳад РБК бо истинод ба сервиси онлайн фурӯши билетҳои Tutu.ru.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда ба нархи миёнаи билетҳои фармоишӣ (брон) бо парвоз аз ҳамаи шаҳрҳои Русия сарфи назар аз рӯзи анҷоми расмиёти он асос ёфтааст.
Дар ширкат илова намудаанд, ки мусофирон кӯшиш мекунанд, ки билетро ба рӯзҳои наздики сафар харанд.
Агар дар охири моҳи сентябр билет ба Арманистон ба як самт ба ҳисоби миёна 58 ҳазор рубл нарх дошт, пас охири моҳи октябр он 66% - то 20 ҳазор рубл арзон шуд. Парвозҳо ба Озарбойҷон ва Беларус дар давоми як моҳ тақрибан аз се як ҳисса арзон шуданд.
Охири моҳи сентябр нархи билети ҳавопаймо ба Озарбойҷон ба ҳисоби миёна 39 ҳазор рублро ташкил дода, айни замон - 27 ҳазор рубл нарх дорад. Як моҳ пеш арзиши билет ба Беларус 14 ҳазор нарх дошта, ҳозир бошад, бо 9 ҳазор парвоз кардан мумкин аст.
Нархи билетҳо ба Қирғизистону Туркия ва Исроил аз чор як ҳисса поин рафтанд: масалан, арзиши миёнаи парвоз ба самти Туркия аз 58,9 то 45,1 ҳазор рубл, ба Қазоқистон - ба андозаи 18% (аз 32 то 27 ҳазор рубл) ва Тоҷикистон - 16% (аз 32,9 то 27,7 ҳазор рубл) кам шуд.
Охири моҳи сентябр пас аз эълони қисман сафарбарии захираҳои эҳтиётӣ ба артиш дар Русия, шумори ба кишварҳои хориҷи наздик рафтани шаҳрвандони ин кишвар афзуд. Афзоиши бесобиқаи талабот ба он оварда расонид, ки рӯзи 21 сентябр билетҳо ба хатсайрҳои мустақим ба кишварҳои ҳамсояи бераводид ба охир расид. Дар муқоиса бо нимаи моҳи сентябр нархи билетҳо бамаротиб боло рафт. Масалан, арзиши билет ба ҳавопаймо аз Маскав ба Тошканд дар рӯзи 26 сентябр барои як самт 322,5 ҳазор рублро ташкил медод.
Айни замон дар сервиси Aviasales низ ба эътидол омадани нархи билетҳои ҳавопаймо дар охири моҳи октябр тасдиқ мешавад. Шоми рӯзи 19 октябр дар сомонаи сервис билети ҳавопаймо аз Маскав ба Истанбул барои рӯзи 23 октябр 20 ҳазор рубл нарх дошт. Нархи билет ба хатсайри мустақим аз Маскав то Ереван ба ҳамин рӯз 11 ҳазор рубл ва ба Тошканд - 24 ҳазор рублро ташкил медиҳад.