Дар қаламрави Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе 58 ҳазору 163 адад дарахт шинонида мешавад.

Тавре ки дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мавзеи мазкур шинонидани ниҳоли дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи дарахтон дар ноҳияҳои гуногуни кишвар парвариш карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом то баҳори соли 2023 дар доираи мавсими ниҳолшинонӣ сурат мегирад. Чуқуриҳо барои шинонидани ниҳолҳои ба иқлими мавзеи мазкур мувофиқ омода карда шудаанд.

“Мутобиқ ба дастури мутахассисони соҳа ва дендрологҳо шинонидани ниҳоли дарахтон дар ин мавзеъ дар 1 га дар масофаи 3х3 м амалӣ карда шуда, нигоҳубини дарахтони шинонидашуда тӯли як сол ба зиммаи сохторҳои дахлдор вогузошта мешавад”, - омадааст дар хабар.
Сурат: Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Гуфта мешавад, дар муддати 2 соли охир дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз дар талу теппаҳои маҳаллаи Сари осиё, Лучоб ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ шинонида шуд, ки айни ҳол дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ, чанде пеш дар доираи Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва ҳукумати Корея моҳи июли соли 2020 оғоз гардида, то моҳи августи соли 2023 фаъолият менамояд. Дар назар аст, ки то мавсими баҳори соли 2023 дар ин мавзеъ боз дар майдони 100 гектар саксаул шинонида шавад.

Саксаулро дар ин мавзеъ бо мақсади ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чангу ғубор, инчуин мустақҳкам кардани хок мешинонанд. Саксаул ба хушксолӣ, гармои тоқатфарсо ва хоки шӯр тобовар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.