Бинои собиқи шабакаи телевизиони “Сафина” тахриб мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати сохтмони шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷойи он маркази тиҷоратӣ сохта мешавад.
"Ҳамон маркази тиҷоратие, ки дар панҷараҳои гирду атрофи майдони сохтмон тасвир шудааст", - гуфтанд дар шаҳрдорӣ.
Аз дигар ҷузъиёти масъала дар Раёсати мазкур хабар надоданд.
“Аз ҷузъиёти масъала метавонед дар нишасти матбуотӣ ё тариқи дархости хаттӣ огаҳӣ ёбед”, - гуфт манбаъ.
Нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе рӯзи 16 феврал таъин шудааст.
Аз расмҳо дар панҷараи гирду атрофи сохтмон маълум мешавад, ки он аз се бинои бо ҳам пайваст ва як бинои алоҳида иборат аст. Бидуни чор ошёнаи аввал, биноҳо аз 8, 10 ва 12 ошёна иборатанд. Дар ошёнаҳои 2, 3 ва 4-ум айвонҳо мавҷуданд. Гирду атроф ва айвонҳои кушод сабзпӯшанд.
Дар бораи тахриби ин бино баъди ба ҷойи дигар - рӯбарӯи МС “Душанбе Молл” (Ашан) кӯчидани ТВ “Сафина” гуфтугузорҳо пайдо шуданд. Зимни нишасти матбуотӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон рӯзи 5 феврал изҳор намуданд, ки масъалаи тахриби бино мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.
Бо наққошии деворӣ чӣ мешавад?
Қобили зикр аст, ки ба ҷуз бино, аҳли ҷомеа ба наққошии девории сангӣ (фреска)-и “Шашмақом” дар намо (фасад)-и бино низ таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Дар робита ба ин масъала аз аз шаҳрдорӣ чизе посух надоданд. Он яке аз наққошиҳо (мозаика)-и маъруфи боқимондаи Душанбе аст, ки аз ҷониби рассом-монументалист Асрор Аминҷонов таҳия шудааст.
Худи бино соли 1933 аз рӯи лоиҳаи меъмор Сергей Кутин сохта шуда, аввалин кинотеатри зимистонаи ба номи Горкий дар Душанбе буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ин ҷо “Союздетфилм” ва киностудияи Тоҷикистон ҷойгир шуда буданд.
Солҳои 60-уми асри гузашта дар ин ҷо Филармонияи давлатӣ фаъолият дошт. Аз соли 2005 бино ба ихтиёри шабакаи навтаъсиси телевизиони “Сафина” дода шуд. Ин бино дар бисёре аз филмҳо, масалан филми маъруфи “Ман бо духтаре вохӯрдам” (Я встретил девушку) нишон дода мешавад.