Айни замон одамони сарватманд метавонанд зиндагӣ ва тиҷорати худро бо як кишвар маҳдуд накунанд. Барномаҳои дарёфти шаҳрвандӣ барои сармоягузорӣ як роҳи зуд ва соддаи гирифтани шиносномаи кишвари дигарро бе зарурати иқомати дарозмуддат ё ҳатто сафар кардан пешниҳод мекунанд.

Ва барои онҳое, ки намехоҳанд шаҳрвандии Тоҷикистонро аз даст диҳанду вале ҳамзамон мехоҳанд дар кишваре ҳуҷҷат гиранд, ки душаҳрвандииро иҷоза намедиҳад, як варианти иҷозаи истиқомат (ВНЖ) вуҷуд дорад ва онро низ тавассути сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар медиҳанд.

Он дар кишварҳои ҳамсояи наздиктарини мо чӣ гуна аст?

Ӯзбекистон

Гирифтани шаҳрвандии ин кишвар тавассути сармоягузорӣ ғайриимкон аст, аммо дарёфти иҷозаи иқомат (ВНЖ) комилан имкон дорад. Барои ин сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул лозим аст, ки ҳадди ақалли маблағи сармоягузорӣ 300 000 доллари ИМА мебошад. Барномаи мазкур танҳо дар минтақаи Тошканд ва вилояти Тошканд амал мекунад, дар дигар ҷойҳо сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул ба инобат гирифта намешавад.

Бояд дар назар дошт, ки Ӯзбекистон давлатест, ки душаҳрвандиро эътироф намекунад, бинобар ин, ҳангоми гирифтани шиносномаи Ӯзбекистон аз шаҳрвандии кунунӣ (ҳозира) даст кашидан лозим меояд.

Аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашидан лозим намеояд, агар шумо танҳо иҷозаи иқомат ё зистро гиред. Аммо агар шумо дар давоми соли тақвимӣ беш аз 183 рӯзро берун аз ҳудуди Ӯзбекистон гузаронед, иҷозаи истиқомат бекор карда мешавад.

Қазоқистон

Айни ҳол дар Қазоқистон барномаҳои фаъол барои гирифтани шаҳрвандии ин ҷумҳурӣ тавассути сармоягузорӣ вуҷуд надоранд.

Дар қонунгузорӣ низ имкониятҳои сармоягузорӣ барои гирифтани мақоми истиқомат пешбинӣ нашудаанд. Аммо аз соли 2022 маълумот дар бораи таҳияи барномаи сармоягузорӣ аз ҷониби мақомот пайдо шуд – мо дар бораи он қаблан навишта будем.

Тибқи маълумоти манбаъҳои ғайрирасмӣ, доир ба додани раводид (виза)-ҳои 10-сола ва иҷозаҳои истиқоматӣ ба ивази сармоягузорӣ дар ҳаҷми аз 100 000 то 300 000 доллари ИМА нақшаҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.

Айни замон чунин лоиҳаҳои қонун расман ба қайд гирифта нашудаанд, бинобар ин, муҳоҷирон наметавонанд ба барномаҳои сармоягузорӣ такя кунанд.

Русия

Аз соли 2023 дар сурати мувофиқат ба яке аз чор меъёри зерин дарёфти иҷозаи иқомат (ВНЖ) дар Русия имкон дорад.

Аввал - сармоягузорӣ дар ҳаҷми на камтар аз 15 млн рубл ба лоиҳаҳои аз лиҳози иҷтимоӣ муҳими минтақаҳои Русия дар давоми се соли охир.

Ба иҷозаи иқомат ё зист (ВНЖ) инчунин метавон тариқи ба қайд гузоштани шахси ҳуқуқӣ дар қаламрави Русия соҳиб шуд. Ин шахси ҳуқуқӣ дар давоми ду соли охир бояд дар Русия фаъолияти соҳибкорӣ дошта, ҳар сол ба суғуртаи ғайрибуҷетии давлатӣ на камтар аз 4 млн рубл пардохт кунад.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрванди хориҷӣ бояд иштирокчии ягонаи ҷамъияти саҳҳомӣ ё ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бошад.

Яке аз имкониятҳои дигар - сармоягузорӣ дар ҳаҷми на камтар аз 30 млн рубл ба шахси ҳуқуқии Русия, ки на камтар аз се сол дар кишвар фаъолияти соҳибкорӣ мекунад.

Чаҳорум меъёр - харидани амволи ғайриманқули ҳама гуна таъинот дар қаламрави Русия дар марҳилаи сохтмон ё дар давоми ду соли баъди ба истифода додани он.

Дар ҳамин ҳол, арзиши умумии кадастрии амвол, ки ба шаҳрванди хориҷӣ тааллуқ дорад, бояд на камтар аз 50 млн рубл дар қаламрави Маскав, на камтар аз 20 млн рубл дар ҳудуди субъектҳои ҳавзаи федералии Шарқи Дур ва на камтар аз 25 млн рубл дар қаламрави дигар субъектҳои Русия бошад.

Амороти Муттаҳидаи Араб

Мутаассифона, дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) гирифтани шаҳрвандӣ тавассути сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул ғайриимкон аст. Аммо шахсони хориҷӣ метавонанд соҳиби раводиди монанд ба иҷозаи истиқомат шаванд. Дар АМА истилоҳи ҳуқуқии "иҷозаи истиқомат" (ВНЖ) вуҷуд надорад. Ба ҷои он сармоягузорон раводидҳои дарозмуҳлат мегиранд: раводиди истиқоматӣ - барои 2 сол ё раводиди тиллоӣ - барои 10 сол.

Имкониятҳои сармоягузорӣ барои гирифтани раводид дар АМА:

Аз 750 000 AED (асъори расмӣ)

Сармоягузорон амволи ғайриманқули тайёрро дар минтақаҳои махсус – Freehold Zones мехаранд. Ҳадди ақалли сармоягузорӣ ба иншоот – 750 000 AED, ки тақрибан 204 000 доллар аст. Дар ин шароит раводиди истиқоматии АМА барои 2 сол дода мешавад.

Раводиди тиллоии АМА
Сурат аз Emiration.ae

Ҳамсарҳо метавонанд амволро ба моликияти муштарак харанд, агар аз 1 000 000 AED ё тақрибан 272 000 доллар сармоягузорӣ кунанд.

Аз 2 000 000 AED

Сармоягузорон амволи ғайриманқулро дар ҳама гуна марҳилаи сохтмон мехаранд. Ҳадди ақалли сармоягузорӣ ба иншоот – 2 000 000 AED ё тақрибан 545 000 доллар. Раводиди тиллоӣ ҳамон замон барои 10 сол дода мешавад.

Аз бартариҳо - дар АМА аз даромади шахсони воқеӣ, инчунин андозҳо аз амволи ғайриманқул, афзоиши сармоя, мерос ва тӯҳфа андоз ситонида намешавад. Сармоягузорон метавонанд дар кишвари дигар зиндагӣ кунанд ва ҳар шаш моҳ як маротиба ба Аморот оянд.

Кипр

Раводиди тиллоӣ дар Кипрро метавон бо сармоягузории на камтар аз 300 000 евро € ба даст овард. Ин мақом ба шахс имконият медиҳад, ки ба кишвар кӯчад, андозҳоро бо шароитҳои беҳтар пардохт кунад ва тиҷоратро ба сатҳи байналмилалӣ барорад. Ҳоло муфассалтар дар бораи роҳу воситаҳо:

Харидани амволи ғайриманқул

Довталаб ба як ё ду иншооти амволи ғайриманқули арзиши умумиашон на камтар аз 300 000 евро бидуни назардошти ААИ сармоягузорӣ мекунад. Амволи истиқоматиро танҳо дар бозори аввалия аз сохтмончӣ мехаранд. Амволи тиҷоратиро метавон дар бозори аввалия ё дуюмдараҷа харидорӣ кард.

Кипр
Сурат аз Galatex

Харидани саҳмияҳои ширкатҳои Кипр

Хоҳишманд ба таъсис ё харидории ширкат дар Кипр ҳадди ақалл 300 000 евро сармоягузорӣ мекунад.

Харидани коғазҳои қиматнок

Довталаб ба фондҳои хусусии сармоягузорӣ дар Кипр на камтар аз 300 000 евро сармоягузорӣ мекунад. Барои сармоягузорӣ вомбаргҳо (облигатсияҳо), васиқаҳо (векселҳо) ва коғазҳои қиматноке, ки бо тасдиқи Комиссияи коғазҳои қиматнок ва биржаи Кипр ба муомилот бароварда шудаанд, мувофиқ меоянд.

Туркия

Шаҳрвандии Туркия дорои як қатор афзалиятҳо мебошад. Яке аз онҳо дастрасии бидуни раводид ё соддашуда ба зиёда аз 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Гонконг, Ҷопон ва Сингапур аст. Ҳамчунин, бо гирифтани шиносномаи Туркия, шахс метавонад ба таҳсилот ва тандурустии ройгон ё имтиёзнок дар муассисаҳои давлатӣ дастрасӣ пайдо карда, инчунин бисёр дигар имтиёзҳо (бонусҳо) дарёфт кунад.

Дар қонун дар бораи шаҳрвандии Туркия шаш роҳи дарёфти шиноснома пешбинӣ шудааст: тавассути сармоягузорӣ, тариқи бо хоҳиши худ шаҳрванд шудан (натурализатсия), бо роҳи ақди никоҳ, шуғл, аз рӯи таваллуд ва барои хидматҳои махсус.

Аммо биёед ба аввалин роҳи гирифтани шаҳрвандӣ – тавассути сармоягузорӣ – тамаркуз кунем. Ҳадафи асосии он ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва ҳавасмандсозии рушди бахши амволи ғайриманқул дар Туркия мебошад. Барои гирифтани шаҳрвандӣ сармоягузорони хориҷӣ бояд яке аз талаботҳои зеринро иҷро кунанд:

- Сармоягузории на камтар аз 400 000 доллари ИМА ба амволи ғайриманқули Туркия;

- Сармоягузории ҳадди ақал 500 000 доллари ИМА ба сармояи асосии корхонаи Туркия;

- Гузоштани пасандози на камтар аз 500 000 доллари ИМА ба суратҳисоби бонкии Туркия;

- Маблағгузории на камтар аз 500 00 доллари ИМА ба вомбаргҳои давлатӣ;

- Маблағгузории на камтар аз 500 000 доллари ИМА ба ҳиссаи фонди сармоягузории амволи ғайриманқул ё фонди венчурӣ.

Фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ барои 50 шаҳрванди Туркия.

Илова ба кишварҳои дар боло зикршуда, бисёр давлатҳои дигар низ мавҷуданд, ки тавассути сармоягузорӣ метавон дар онҳо шаҳрвандӣ ё ҳадди ақал иҷозаи истиқомат (ВНЖ) гирифт. Ба ин кишварҳо Австрия, Малта, Черногория, Доминикана, Урдун ва ғайра дохил мешаванд. Тафовути асосӣ дар маблағи сармоягузорӣ, инчунин дар имконият ё манъи доштани ду шаҳрвандӣ ифода меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.