Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар арафаи оғози моҳи шарифи Рамазон дар сӯҳбат бо “Ховар” бори дигар фатво додааст, ки коргарони “Роғун” метавонанд дар рӯзҳои кории худ рӯза нагиранд ва аз савдогарон хостааст нархро ба таври сунъӣ гарон накунанд, то вориди дӯзах нашаванд.

 

Фатво ба коргарони “Роғун”

Муфтии кишвар аз шахсоне ном бурдааст, ки тибқи муқаррароти шариат ҳақ доранд рӯза нагиранд. Ӯ гуфтааст, аксари донишмандони аҳли суннат ва ҷамоат муқаррар намудаанд, ки барои нафарони машғули амали пурмашаққат, аз қабили сохтмончиён, даравгарон, нонпазон, оҳангарон ва коргарони конҳои маъдан дар ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт, ки хавфи зарарро ба саломатӣ эҳсос менамоянд, хӯрдани рӯза иҷозат аст. Ӯ таъкид кардааст, ки дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо ин шахсон дар вақти муносиб рӯзаро қазо медоранд.

“Шахсоне, ки кори аз ҳад пурмашаққатро анҷом медиҳанд, хусусан коргарони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки дар айни ҳол дар нақбу иншооти рӯйизаминию зеризаминӣ машғули коранду масъулияти бузурги иҷрои корҳои сохтмонӣ доранд ва ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт хавфи зарар ба саломатиашон дорад, метавонанд дар рӯзҳои кории худ рӯза нагиранд ва дар вақти дигари барояшон муносиб ба рӯзҳои баробар ба он рӯзаи худро қазо бигиранд”, - фатво додааст Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Солҳои пеш ҳам ӯ чунин фатво дода буд.

 

Боз киҳо имкони рӯзахӯрӣ доранд?

Абдуқодирзода инчунин гуфтааст, рӯза яке аз ибодатҳои пурмашаққате аст, ки ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рӯ бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд. Ӯ бо такя ба қавонону муқаррароти дини мубини ислом ба шахсони зерин фатвои иҷозаи хӯрдани рӯзаро додааст:

- Беморон. Беморие, ки ба сабаби рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд. Шариати ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқро дар ин маврид муътабар мушуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз аст.

- Мусофирон. Тибқи қарори Шурои уламо, масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км баробар аст. Масалан, як ронандаи автобуси мусофиркаш бо 30-40 мусофир аз марказ ба ноҳияи дурдасттарин сафар менамояд ва масофа аз 120 километр ҳам дуртар мешавад. Дар ин ҳолат бояд бо назардошти масъулият, машаққати роҳ ва солимии дигар мусофирон ин ронанда метавонад рӯза нагирад.

- Занҳо ҳомиладор. Дар ҳолате, ки рӯза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад, зан метавонад рӯза нагирад. Модари ширдеҳе, ки хӯроки тифлаш танҳо шири модар аст, аз гирифтани рӯза айни ҳамин имтиёзро дорад.

- Хатари ҳалокат ё беморшавӣ. Дигар ҳолате, ки тибқи талаботи шариат хӯрдани рӯза ҷоиз мебошад, ин ташнагӣ ё гуруснагие аст, ки хатари ҳалокат ва ё беморшавии рӯзадорро ба миён меорад.

- Шахсони пиру солхӯрда. Агар гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ меорад, бо додани ҷуброн (фидя) (тибқи қарори Шурои уламо 16 сомонӣ барои як рӯз) аз гирифтани рӯза озод мебошанд. Додани ҷуброн фақат ба ҳамин гурӯҳ дахл дорад. Дар ҳолатҳои боло вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас.

Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфтааст, ки далелҳое, ки дар боло гуфта шуданд ва ба хӯрдани рӯза сабаб мегарданд, дар китобҳои фатвои муътабари мазҳаби ҳанафӣ дарҷ шудаанд.

 

“Худованд ҳатман ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод”

Муфтии кишвар гуфтааст, ки “Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳию равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст”.

“Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хидматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи маҳсулот ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине аст, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”, - гуфтааст муфтии Тоҷикистон.

Ӯ аз ҳадиси ин Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ёдовар шудааст: “Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусалмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод”.

Абдуқодирзода дар ин моҳи шариф ҳамватанонро ба рафтору ахлоқи нек, аз қабили муомилаи наку бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхорию меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардию олиҳимматӣ даъват кардааст.

Раиси Шӯрои уламо гуфтааст, аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор дар байни ҷомеа.

“Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст”, - мегӯяд Абдуқодирзода.

Муфтӣ мегӯяд, ки яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон мебошад. Раиси Шурои уламо барои тақвияти ин андеша аз ҳадиси Паёмбари ислом (с) ёдовар шуд: “Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад”.

 

Пагоҳ Рамазон оғоз мешавад​​​​​​​

Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон расман 1-уми март оғоз шуда, сокинон то 30-уми март рӯза хоҳанд дошт. Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.