Мудири иҷроияи Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Генриеттта Фор изҳор доштааст, ки созмон аз афзоиши шумори издивоҷҳо бо иштироки кӯдакон дар Афғонистон нигарон аст.
"Аз гузоришҳо дар бораи афзоиши издивоҷи ноболиғон дар Афғонистон сахт нигаронам... Ба мо дар бораи хонаводаҳое, ки духтарони 20-рӯзаро барои издивоҷи оянда бар ивази маҳр пешниҳод мекунанд, гузоришҳои мӯътамад мерасанд”, - иброз доштааст Фор.
Тавре ки ЮНИСЕФ зикр мекунад, издивоҷи бармаҳал, ки дар Афғонистон паҳн шудааст, метавонад ба хушунати хонаводагӣ ва поймолкунии ҳуқуқи занон боис гардида, оқибат ба мушкилоти равонӣ оварда расонад.
Тибқи арзёбии созмон, 28%-и занони афғони синни аз 15 то 49-сола то расидан ба синни 18-солагӣ издивоҷ кардаанд.
Созмон аз мақомоти Афғонистон даъват кардааст, ки ба дастгирӣ ва ҳимоят аз оилаҳои бештар осебпазири афғон мусоидат намояд.
Дар ЮНИСЕФ бар ин назаранд, ки вазъи номусоиди иқтисодӣ дар Афғонистон бештари хонаводаҳоро маҷбур мекунад, ки духтаронро дар синни барвақт ба шавҳар диҳанд ё кӯдаконро ба кор водор созанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.