Нишасти Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), интихобот дар Ӯзбекистон ва рейдҳои идомадошта нисбати муҳоҷирон дар Маскав - чунинанд натоиҷи ҳафтаи гузашта.

Нишасти НАТО дар Вилнюс

Рӯзҳои 11-12 июл дар Вилнюс нишасти НАТО доир гардид, ки он аз бисьёр ҷиҳатҳо аз як қатор нишастҳои пештараи сарони кишварҳои Созмон дар навбати аввал, аз лиҳози қарорҳои дар он қабулшуда фарқ мекунад.

Пеш аз ҳама, ба иттилои хабаргузории Reuters, дар ин нишаст дар ниҳояти кор монеаҳо дар роҳи шомил шудани Шветсия ба НАТО бартараф карда шуданд, қаблан Туркия ва Маҷористон (Венгрия) ба ин эътироз карда буданд.

Зеленский дар нишасти НАТО
Сурат: KEYSTONE PRESS AGENCY

Сониян, як қадами дигар барои шомил шудани Украина ба НАТО гузошта шуд. Иштирокчиёни нишаст роҳи содаи ин кишварро тасдиқ карданд. Вақте ки "ҳамаи иттифоқчиён мувофиқат кунанд ва шартҳо иҷро шаванд", Украина ба Созмон даъват карда мешавад.

Киев дар оянда Нақшаи амали узвият (НАУ) - маҷмӯи муқаррарӣ, пеш аз ҳама, ислоҳоти низомӣ ва сиёсиро, ки барои ҳамаи давлатҳои ҳамроҳ ҳатмӣ мебошад, амалӣ намекунад.

Ин маънои онро дорад, ки бо даъвати Украина ба узвият, кишварҳои НАТО фавран ба тасвиби созишнома дар парлумонҳои миллӣ дар бораи пайвастани он шурӯъ мекунанд. Барои ин Шӯрои Украина-НАТО таъсис дода шуд.

Илова бар ин, барои таҷдиди артиши Украина ва гузариши комил ба стандартҳои НАТО, пеш аз ҳама дар соҳаи иртиботот, қоидаҳои истифода аз шабакаҳои алоқа, дифои ҳавоӣ ва фарҳанги кори ситод дар як сол 500 млн доллар ҷудо карда мешавад.

Боркунии силоҳу муҳимот барои Украина дар пойгоҳи муттаҳидаи Макгуайр-Дикс-Лнйкхерст дар иёлати Ню-Ҷерсии ИМА
Сурат: Синхуа

Ҳамчунин ба иттилои Радиои Озодӣ, кишварҳои G7 ва Украина Эъломияи муштарак дар бораи ҳимоят аз Украина ва таҳияи кафолатҳои пешакии амниятии он дар чаҳорчӯби уҳдадориҳои дуҷониба ва тавофуқномаҳо дар давраи пеш аз вуруд ба ин паймонро имзо карданд.

Ба ин тариқ, аз натиҷаҳои вохӯрӣ сари як қатор хулосаҳо омадан имкон дорад - барои Киев мусоид ва мутаносибан начандон гуворо барои Маскав.

Аввалан, ба Украина амалан (де-факто) дар НАТО ҳамчун ба яке аз кишварҳои узв муносибат хоҳанд кард, ки сарфи назар аз тағйири вазъи сиёсии ҷаҳони Ғарб, маънои кафолати дастгирии доимии низомӣ ва сиёсиро дар оянда дорад.

Ба ибораи дигар, сарфи назар аз ба сари қудрат омадани ҳама гуна неруҳо дар Иттиҳоди Аврупо ё ИМА, стратегияи пуштибонии низомӣ аз Украина дар низоъ бо Русия бетағйир боқӣ мемонад.
Неруҳои низомии НАТО
Сурат аз livejournal.com

Сониян, НАТО васеъ ва мустаҳкам шуда истодааст, Аврупо, сарфи назар аз ин ё дурусттараш, ба шарофати саъю кӯшиши Русия оид ба боздошти рушди Созмон, мусаллаҳ мешавад.

Яке аз натиҷаҳои нишаст тасдиқи нақшаи муфассали дифоъи дастаҷамъии НАТО буд, ки он ба ҳифзи ҳар як ваҷаб қаламрави худ ва тамоми аъзои кунунии худ кафолат медиҳад.

Дар нақша пешбинӣ шудааст, ки дар сурати зарурат ва пайдо шудани таҳдид, то 300 ҳазор низомии нерӯҳои мусаллаҳи ҳамаи кишварҳои узв давоми 30 рӯз бояд омода ва сафарбар карда шаванд.

Гузашта аз ин, баъзеи онҳо дар давоми се рӯз ва баъзеи дигар дар давоми 10 рӯз ба ҷанг омода хоҳанд шуд.

Натоиҷи нишаст барои кишварҳои ҳамсояи ИДМ боз як нишонаи он аст, ки ҷанг дар Украина идома дорад ва ба эҳтимоли зиёд, дар чанд моҳи оянда муқовимати низомӣ боз ҳам шадидтар шуда, оқибатҳояш барои иқтисодҳои минтақаи пасошӯравӣ, вазъияти муҳоҷират ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсиргузор хоҳад буд.

Русия аз муомилоти ғалла хориҷ шуд

Ба навиштаи “Мавҷи Олмон”, “созишномаи ғалладона” миёни Русия, Украина ва Туркия ҳатто як соли пурра давом накард. Рӯзи душанбеи 17 июл, чанд соат қабл аз анҷоми расмии муҳлати қарордодҳо, Маскав қатъи онро эълон кард.

Ёдрас мекунем, ки муомилоти ғалла баъди баста шудани бандарҳо дар Баҳри Сиёҳ дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ имзо шуда буд.

Ин Украина - яке аз пешсафони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷаҳонро аз имкони содирот тавассути баҳр маҳрум кард ва ба якбора болоравии нархи ғизо дар ҷаҳон боис шуда, аз он бештар аз дигарон кишварҳои ҷаҳони сеюм зарар диданд.

Илова бар ин, таҳримҳои байналмилалӣ ба коҳиши содироти ғалла аз Русия - боз як пешсафи  ҷаҳонӣ дар таъмини он - боис гардид, ки оқибатҳои манфии он дар бозори ҷаҳонии ғизо бештар тақвият ёбанд.

Содироти ғалла аз Украина бо роҳи баҳрӣ сурат мегирад
Коллаж аз торнамои vizitnlo.ru

Дар натиҷа, бо миёнаравии фаъоли Туркия ва шахсан президент Эрдуғон дар мавриди содироти ғалла аз се бандари Украина тавофуқ ҳосил шуд.

Қаблан Русия борҳо хоҳиш надоштанашро ба тамдиди тавофуқ изҳор намуда, Украина ва кишварҳои ғарбиро дар риоя накардани созишҳо муттаҳам кард ва чанд шарт, пеш аз ҳама барои сабук кардани таҳримҳои зидди Русияро пеш гузошта буд.

Қатъи созишномаи ғалла, бешубҳа, хабари нигаронкунанда барои кишварҳои ҷаҳони сеюм аст, ки аксари онҳо мустақиман аз таъмини ғаллаи Украина ва Русия вобастаанд.

Ба ин тариқ, 65%-и ғаллаи Украина ба кишварҳои сатҳи даромадашон паст фиристода мешавад. Ба иттилои РБК, пас аз эъломи қатъи муомилоти ғалла аз ҷониби Русия, болоравии башидддати нархи гандум дар ҷаҳон оғоз шуд. Фьючерсҳои таҳвили гандум дар моҳи сентябр 4,24% зиёд шуд.

Нархи гандум дар бозорҳои ҷаҳонӣ аллакай чанде пас аз оғози муноқишаи низомӣ миёни Русия ва Украина боло рафта буд, вале баъдан коҳиш ёфт, аз ҷумла дар пасманзари ҳосили рекордии ғалла дар Русия дар соли 2022 ва имзои созиши ғалла дар моҳи июли ҳамон сол.


Аммо қатъи муомилот ҳамчунин ба манофеи кишварҳои пешрафта, назири Чин, Туркия, Испания ва Португалия, ки бузургтарин воридкунандагони ғаллаи Украина ҳастанд, зиён мерасонад.

Тасодуфӣ нест, ки ду муттаҳиди наздиктарини Русия - Туркия ва Чин аз Маскав фаъолона тамдиди созишро даъват карданд. Ба ин тартиб, тасмими Маскав эҳтимол боиси норозигии Истанбул ва Пекин шавад, бахусус бо он сабаб, ки чанде пеш президент Эрдуғон доир ба тамдиди созиш ҳамчун кори ҳалшуда ҳарф зада ва ба таври возеҳ онро дастоварди шахсии худ медонист.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Сурат аз торнамои abcgazetesi.com

Ба гузориши шабакаи телевизионии Ren.TV, пас аз изҳороти Маскав дар бораи қатъи муомилот, Шӯрои Амнияти СММ ҷаласаи таъҷилӣ даъват кард, ки "бо лаҳни шадид баргузор шуд".

Мавқеи Маскав бетағйир боқӣ мемонад: то замоне, ки шарикон ӯҳдадориҳои худ, моҳиятан шартҳои ҷониби Русияро барои сабук кардани як қатор таҳримҳо иҷро накунанд, созишнома ба партовгоҳи таърих фиристода мешавад.

Ҳамзамон дар посух изҳороте садо дод, ки кишварҳои ғарбӣ ва ҷонибдорони онҳо бидуни назардошти Русия, мустақилона ба содироти ғалла аз бандарҳои Украина шурӯъ мекунанд.

Ин маънои онро дорад, ки як қатор кишварҳо метавонанд таҳти ҳимоя ва ҳамроҳии киштиҳои ҷангии худ ба содироти ғаллаи Украина оғоз кунанд. Соли гузашта Туркия як маротиба ин корро карда, чанд киштии ҷангиро барои посбонии танкерҳои ғалла аз бандарҳои Украина фиристода буд.

Имсол Истанбул (ё кишвари дигар) шояд чунин корро такрор кунад. Ва дар ин ҳолат, Маскав бори дигар бояд ба таври фаврӣ тасмим бигирад, ки ба сӯи корвони борбари ғалла оташ кушояд ё не, ҳарчанд чунин ҳодиса метавонад ба як даргирии нави мусаллаҳона бо ҷониби сеюм табдил ёбад.

Эҳтимол меравад, дар ниҳоят як созиш пайдо шавад, зеро имрӯз ҳеҷ як аз ҷонибҳо ба муноқишаи нав овардани вазъ ё имкон додан ба болоравиинави нархи ғалла манфиатдор нест.

Лекин дар ҳоле, ки ҷонибҳо тамдиди созишро гапзанон мекунанд, яқинан афзоиши қимати ғалла дар ҷаҳон идома ёфта, он эҳтимол ба суботи иҷтимоӣ ва сиёсии як қатор кишварҳои ҷаҳони сеюм таҳдид кунад. Гузашта аз ин, идомаи ҷанг дар Украина ба таври воқеӣ ҳосили ғалларо дар ин кишвар коҳиш медиҳад.

Ба навиштаи нашрияи “Курсив”, Қазоқистон, ки ҳамзамон яке аз содиркунандагони ғалла дар ҷаҳон аст, ба тағйири вазъият дар ҷаҳон вокуниш нишон додааст.

Истеҳсолкунандагони маҳаллӣ содироти гандумро ба Чин “ба далели нархи пасти харид”, ки гӯё хатарҳои “тағйирёбии нарх ва дигар омилҳо”-ро ба инобат намегиранд, муваққатан қатъ кардаанд.

Имрӯз гуфтан душвор аст, ки вазъият атрофи муомилоти ғалла ба бозори ҷаҳонии ғалла чӣ гуна таъсир мерасонад; бисёр чиз ба он вобаста аст, ки кай ва дар кадом шакл миёни тарафҳо созиши нав ҳосил мешавад.

Боздошт ё худ “облава”-ҳо нисбати муҳоҷирон

Дар ҳамин ҳол, дар Маскав бо сабаби амали кормандони пулис дар мавриди ошкор намудани муҳоҷирони кории ҳузурашон ғайриқонунӣ дар ҷараёни рейдҳо, байни ҷомеа нофаҳмиҳо ба амал омаданд.

Боздошти муҳоҷирон дар масҷид
Коллаж аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба навиштаи газетаи «Коммерсант», намояндагони ҷамъияти мусулмонони Котельники бо муроҷиат ба президент Владимир Путин дархост намуданд, ки аз амалҳои «номуносиб»-и кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки «ба сулҳу созиш байни миллату мазҳабҳо дар ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонанд”, ҳимоят шаванд.

Сабаб - рейд дар намози ҷумъа буд, ки ба гуфтаи диндорон, бештар ба "амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хатарнок" шабоҳат дошт.

Тавре ки ба «Коммерсант» маълум шудааст, ташаббускорони тафтиши масҷидҳои маҳаллӣ намояндагони созмоне бо номи «Русская община» буда метавонанд, ки бо дархости онҳо кормандони пулис аз ду масҷиди ғайриқонунӣ дар биноҳои истиқоматӣ боздид кардааст.

Ин дафъа рейдҳои пулис дар масҷидҳо аллакай дар худи ҷомеаи Русия вокунишҳои густурдаеро ба бор оварданд, аз ҷумла эътирози ҳам Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия ва ҳам раҳбарияти ҷамъиятҳои динии маҳаллӣ.

Дар маҷмӯъ, чунин ба назар мерасад, ки амалиёти мунтазами "Нелегал"-и мақомоти пулис имсол ғайричашмдошт боиси таваҷҷуҳи созмонҳо ва ҷомеаҳои миллатгаро дар Русия шуд. Ин ҷо дар бораи муроҷиатҳои зиёди интернетии "ҷомеа" ба ҳукумат бо дархости ҳимоя аз зиёдшавии муҳоҷирон сухан меравад.

Худи ҳамон ҳафта расонаҳо дар бораи лавҳа ва овезаҳои зидди муҳоҷирон дар кӯчаҳои Новосибирск хабарҳо нашр карданд.

Шояд сабаб дар он бошад, ки имсол амалиёти “Нелегал 2023” аз маъмулӣ шадидтар сурат гирифта ва мутаносибан, ҳам дар миёни муҳоҷирон ва ҳам дар ҷомеаи Русия вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Шояд ин ба вазъи геополитикӣ ва иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ ҳам вобаста бошад, ки тайи як соли ахир печидатар шудааст ва ба ин ё он гуна ба афкори умум таъсир гузошта, ба афзоиши эҳсосот ва низоъҳои бегонаситезиву миллатгароӣ боис мегардад.

Интихобот дар Ӯзбекистон

Рӯзи якшанбеи 9 июл дар Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд. Ба ҷонибдории президенти амалкунанда Шавкат Мирзиёев 87,05%-и интихобкунандагон овоз доданд.

Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими савгандёдкунӣ
Сурат: SputnikUzbekistan

Пас аз чанд рӯз президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев савганд ёд кард. Зимни суханронӣ дар ин маросим ӯ изҳор намуд, ки мардуми кишвар эътимоди зиёдро ба ӯ лоиқ дониста,  ба тарафдории «Ӯзбекистони нав» овоз дод.

Ба иттилои Радиои Азаттик, Мирзиёев идеяи "Ӯзбекистони нав"-ро дар маркази маъракаҳои сиёсии худ қарор дод, аз ҷумла дар пешорӯи раъйпурсии конститутсионӣ, ки ба ӯ ҳаққи "аз сифр оғоз кардан" ва ду давраи дигар пайиҳам барои ширкат дар интихоботро дод.

Ҳамин тариқ, ниҳоят дурнамои сиёсӣ дар Ӯзбакистон муайян шуд, ҳадди аққал дар ду муҳлати минбаъдаи президентӣ. Аз ин рӯ, дар таърихи муосири Ӯзбекистон давраи аз соли 2016 (вақте ки Мирзиёев бори аввал сари қудрат омад) ва 14 соли ояндаро комиланӣ метавон ҳамчун "давраи Мирзиёев" унвон кард.

Тайи солҳои охир президент модели сиёсиву иқтисодиро, ки аз Ислом Каримов мерос гирифтааст, ба таври қобили мулоҳиза такмил дода, онро хеле устувортар ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ кард.

Аз тағйироти мусбати замони ҳукмронии ӯ соҳибназарон ба беҳбуди куллии муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя, афзоиши маоши кормандони буҷетӣ, пеш аз ҳама табибону омӯзгорон ва беҳбуди шароити соҳибкории хурду миёна ишора мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, мушкилоти аслӣ барои Мирзиёев дар солҳои оянда афзоиши интизориҳои мардум хоҳад буд, ки дар даҳсолаи оянда дар чаҳорчӯби сохтмони "Ӯзбекистони нав" беҳбудиҳои назаррас дар иқтисод ва бахшҳои иҷтимоиро интизоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.