Сарвари давлати амалкунандаи Беларус Александр Лукашенко тибқи маълумоти пешакӣ, дар маъракаи интихоботии президентӣ дар ин кишвар бо натиҷаи 86,82% ғолиб омад. Дар ин бора ба Интерфакс имрӯз дар Комиссияи марказии интихоботи Беларус хабар додаанд.
"Маълумоти пешакӣ дар бораи овозҳои додаи интихобкунандагон ба номзадҳо ба мансаби президенти Беларус чунин аст: Гайдукевич Олег Сергеевич - 2,02 %, Канопатская Анна Анатолевна - 1,86 %, Лукашенко Александр Григоревич - 86,82 %, Сиранков Сергей Александрович - 3,21 %, Хижняк Александр Николаевич - 1,74 %, муқобили ҳама - 3,60 %", - хабар додаанд дар Комиссияи марказии интихобот.
Гуфта мешавад, бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот, иштироки умумии интихобкунандагон дар маъракаи интихоботи президентии Беларус 85,7%-ро ташкил додааст.
Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар дар он бештар аз нисфи интихобкунандагони сабтиномшуда иштирок кунанд. Президент дар сурате интихобшуда шуморида мешавад, ки агар беш аз нисфи иштирокчиёни дар раъйдиҳӣ иштироккарда ба ҷонибдории ӯ овоз дода бошанд.
Ба ҷуз Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 сари ҳокимияти ин кишвар аст, боз инҳо барои мансаби президентӣ рақобат карданд: Олег Гайдукевич (вакили парлумон, раиси Ҳизби либералӣ-демократӣ), Александр Хижняк (раиси Ҳизби ҷумҳуриявии меҳнат ва адолат), Анна Канопатская (собиқ вакили парлумон, номзад ба президентӣ дар интихоботи соли 2020), Сергей Сиранков (котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Беларус).
Натиҷаҳои ниҳоии интихобот аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот дар муддати 10 рӯз - на дертар аз 5 феврал ҷамъбаст мешаванд.
Ба ин тариқ, Лукашенко бори ҳафтум президент интихоб шуда, ба ин васила замони раҳбарии худро ба се даҳсола расонид.