Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон 19 сол қабл Қонун «Дар бораи забон»-ро ба тасвиб расонид, ки дар он мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа муайян карда шуд. Мутобиқи Конститутсияи ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дода шуда, забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо дониста шудааст.

Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ нахустин шуда ба забони модарии аҳолии ҷумҳурӣ мақоми забони давлатиро сзовор донист.

Айни замон тамоми санадҳои давлатӣ ва қонунҳо бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, сипас ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд.

Соли 2008 дар қаламрави ҷумҳурӣ Соли гиромидошти забони тоҷикӣ эълон гардидааст.

Айни замон ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи забони тоҷикӣ бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумати ҷумҳурӣ маҷлиси ботантана доир шуда истодааст.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе сайругашти оммавии шаҳрвандон, ҳунарнамоии санъаткорон, намоиши ва фурӯши маҳсулот дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли Комсомол» ва ва майдони «800-солагии Маскав» баргузор мешаванд.

Бегоҳӣ ҳамин гуна чорабиниҳо инчунин дар маркази фарҳангии «Пойтахт-80» (Амфитеатр) низ доир мегарданд, ки дар он аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои ҳунариву эҷодии дигар ва зиёиёни кишвар иштирок хоҳанд кард.