Хуҷанд. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт маросими ба истифода додани масҷиди бузург баргузор шуд.
Сармутахассиси раёсат оид ба корҳои динии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар вилояти Суғд Юнус Шарифов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки масҷид
бо маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб кору зиндагӣ мекунанд, бунёд ёфтааст.
«Онҳо бо маблағҳои пулӣ кӯмак намуданд ва мутахасссисони маҳаллӣ бо ёрии сокинони ҷамоат тариқи ҳашар сохтмони масҷидро ба анҷом расониданд», - гуфт Ю.Шарипов.
Мавсуф зикр кард, ки муддати зиёдест, ки дар масҷиди тадриҷан бунёдёфта Абдураҳмон Дӯстматов имомхатибӣ мекунад. Дар масҷид дар як вақт то 500 нафар метавонанд ба тоату ибодат машғул шаванд. Феълан шумораи чунин масҷидҳои бузург дар вилояти Суғд ба 87 адад расидааст. Ҳамчунин боз 917 иншооту ҷойҳои нисбатан хурдтар барои иҷрои анъанаву расму оини мусулмонӣ мавҷуд мебошанд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста