Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз 15-уми сентябр то 15-уми октябр намоишгоҳи мусаввараҳои Илёс Мамадҷонов баргузор мегардад. Намояндаи дафтари кории мазкур дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки намоишгоҳ дар рӯзҳои корӣ ба тамошобинон пешкаш мегардад.

Ба иттилои манбаъ, И.Мамадҷонов мусаввараҳои худро дар чанде аз намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ба маърази тамошо гузоштааст ва имрӯз бисёр мусаввараҳои ӯ маҷмӯаҳои хусусиро дар Олмон, Австрия, Швейтсария, Белгия, Туркия, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониёи Кабир ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зебе зинат медиҳанд.