Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Мушовири президенти Русия оид ба масъалаҳои ҳамкории байнулмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой дар Анҷумани
III
-уми байнулмилалии зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки айни замон дар бӯстонсарои ҳукуматии «Пуғус» дар Варзоб ҷараён дорад, изҳор дошт, ки дар анҷуман аз Соли хониш, ки ба муносибати 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон дар қаламрави ИДМ эълон гардида буд, натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.
Ғайр аз ин, ба қавли ӯ, ҷониби Русия ба Анҷуман барррасии масъалаи муҳофизати иншооти таърихӣ ва фарҳангӣ дар минтақаҳои даргирро пешниҳод хоҳад кард. «Ин зарур ва хеле саривақтӣ аст, зеро дар рӯйдодҳои Осетияи Ҷанубӣ як қатор чунин иншоот хароб гардид», - таъкид сохт ӯ.
М.Швидко мегӯяд, иштирокдорони анҷуман пас аз мулоқот ният доранд, аз сарварони кишварҳои узви ИДМ даъват ба амал оваранд, то ба ҳамгиройии ҳарчи бештари фарҳангии кишварҳо кӯшиш ба харҷ дода шавад.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста