Душанбе. 19-уми сентябр - Дар ҳамоиши сеюми рӯшанфикрони кишварҳои мустақили муштарак-ул-манофеъ дар минтакаи Пуғус, воқеъ дар 40 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе роҳҳои баркарор сохтани равобити ҳасанаи фархангӣ, илмӣ ва ҳунарии даврони шӯравӣ дар миёни кишварҳои узви ин Иттиҳод баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш ба ҳифзи осори таърихию фарҳангӣ ба ҳангоми мунозеъоту даргириҳо таъкид шуда ва ҳодисаи тахриб шудани осори таърихӣ дар Осетиёи Ҷанубӣ аз сӯи нерӯҳои Гурҷистон маҳкум гардидааст.
Ҳифзи осори таърихӣ яке дигар аз масоили мавриди баҳс дар ин ҳамоиш буда ва ширкаткунандагон ба зарурати тасвиби мусаваббаи вижа дар заминаи ҳимояти осори таърихӣ ба ҳангоми мунозеъот ва даргириҳо дар қаламрави кишварҳои мустақили ҳамсуд таъкид карданд.
Зеро ба эътиқоди Михаил Швидко, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фарҳангӣ дар ҷараёни даргириҳо дар Осетиёи Ҷанубӣ дар моҳи гузашта, бахши умдаи осори гаронбаҳои таърихию фарҳангии шаҳри Схинволи аз сӯи нерӯҳои Гурҷистон комилан тахриб гардидаст.
Қарор аст, Ҳамоиши сеюми рӯшанфикрони кишварҳои узви Иттиҳоди мамолики мустақили муштаракулманофеъ феҳристи масоили мубрами фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунариро таҳия карда ва барои баррасӣ ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви ин Иттиҳод пешниҳод кунанд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста