Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Нахустнамоиши спектакли «Девонагӣ. Соли 93»-и коргардони театри академии русии ба номи Маяковский Барзу Абдураззоқов, ки рӯзи 17-уми март мсуаррифӣ гардида буд, дар Душанбе манъ карда шуд.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Барзу Абдураззоқов изҳор дошт, ки дар муаррифномаи спектакл дар қатори намояндагони вазорати фарҳанг ва доираҳои фарҳангии кишвар намояндагони дипломатии кишварҳои дигар ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат варзида, ба намоишнома баҳои баланд доданд, вале намояндагони вазорати фарҳанг намоиши спектаклро ғайрирасмӣ манъ эълон карданд. «Намояндагони вазорат мегӯянд, бинобар хусусияти инқилобӣ доштани спектакл намоиши он манъ гардидааст», - гуфт ӯ ва афзуд, ки қаблан мазмуну мӯҳтавои спектакл ба вазорати фарҳанг пешниҳод гардида, мувофиқа ҳосил шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати фарҳанги ҶТ аз шарҳи иттилои марбут ба ин қазия худдорӣ намуданд.
“Агар аз ту ёд ояд...” Таҷлили 75-солагии Муқаддас Набиева дар Душанбе
Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст
Моликони фурӯшгоҳи "Ашан" овозаҳои аз Тоҷикистон рафтанашонро рад карданд
Ҷудокорони тоҷик аз “Тоскулоҳи бузург”-и Боку бо ду медал ба Тоҷикистон бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се мусофир ва ҳалвои ширин”
Соли гузашта додгоҳҳои Русия қариб 90 ҳазор хориҷиро маҷбуран ихроҷ кардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2025
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста