Рӯзи 12-уми апрел дар шаҳри Душанбе натоиҷи озмуни байнулмилалии «Ҷило-2014» ҷамъбаст шуданд.
Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун барои саҳмгузорӣ дар рушди фарҳангу ҳунари мардуми форсизабон меҳмонон аз Афғонистону Эрон, модел ва актриса аз Аморати Муттахидаи Араб Ясмина Алидодова, овозхонон аз Афғонистон Фарҳоди Дарё, Сиддиқ Шабоб ва Амирҷон Сабурӣ иштирок карданд.
Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» , дар бахши «ТВ ва радио» ҷоизаҳои «Барномаи беҳтарини радиоӣ», барномаи субҳгоҳии «Саламалейкум Диёрам»-и радиои "Азия плюс", беҳтарин радиожурналист Шарифи Мирсаидзод, хабарнигори радиои Садои Душанбе, «Беҳтарин баромаи телевизионӣ» барномаи «Сиришти сафина»-и шабакаи "Сафина" ва беҳтарин тележурналистро Зафар Саидов ва Аҳлиддини Тоҳир -- хабарнигорони телевизиони «Ҷаҳоннамо»-ро ба даст овардаанд.
Дар бахши театр намоишномаи «Шабе дур аз ватан» аз Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, беҳтарин ҳунарманди мард Шӯҳрат Раҳматуллоев ва ҳунарпешаи зан Моҳпайкар Ёрова беҳтаринҳо дониста шуданд.
Яке аз дигар бахшҳои ин озмуни «Ҷило» дар самти «Мусиқии замонавӣ ва машҳур» буд, ки овозхони беҳтарини мард Нобовар Чаноров ва сарояндаи зан Меҳрнигори Рустам дониста шуданд. Ҷоизаи клипи беҳтарини солро «Гулнор»-и Садриддини Наҷмиддин ва «Муҳаббати ту»-и Нигина Амонқулова ба даст оварданд.
Аммо ҷоизаи вижаи озмуни "Ҷило" «Ҷоизаи оҳанги шарқ» буд, ки насиби Сиддиқ Шабоб, сарояндаи афғон ва Нигора Холова бо оҳанги «Чашми сиёҳ» шуд. Ҷоизаи «Шахсияти маъруфи сол»-ро ҳайати ҳакамон ба Давлатманди Хол, сарояндаи маъруфи тоҷик муносиб донистанд.
Дигар ҷоизаи вижаи озмуни имсола – «Ситори бузурги мусиқии форсӣ» ба Фарҳоди Дарё ва Ясмина Алидодова дода шуд.
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Русия ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста