Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани якуми ҷумҳуриявии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нахустин чунин маърака буда, барои ташаккулёбии ниҳоди адвокатураи мамлакат қадами нав ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки 18 марти соли 2015 года Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон имзо карда шуд. Қонуни мазкур аз тарафи Парламенти мамлакат дар доираи Барномаи ислоҳоти судӣ ҳуқуқии солҳои 2011 – 2015 қабул карда шудааст, ки он 27 марти соли 2015 расман нашр гардида мавриди амал қарор гирифт.
Тибқи қонуни мазкур дар Анҷумани Якуми (таъсисии) адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ягонаи ҷумҳуриявии адвокатҳои мамлакат – Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Дар Анҷуман инчунин Оинномаи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, Раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.
Иштирокчиёни Анҷумани якум 50 вакил мебошанд, ки 10 вакилӣ аз ҳар минтақаи мамлакат интихоб карда шудаанд. Инчунин ба Анҷуман намояндагони ҳарду палатаҳои Парламенти мамлакат, намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ, вазири адлия, прокурори генералӣ, раисони Суди Конститутсионӣ ва Суди Олӣ, инчунин роҳбарони ташкилотҳои байналхалқӣ ва сафоратҳои дар Тоҷикистон мавҷудбуда таклиф карда шудаанд.
Анҷумани мазкур бо дастгирии Институти ҳуқуқҳои инсони Ассотсиатсияи Байналхалқии ҳуқуқшиносон ва Бахши Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Раиси Коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» қаблан дар ин робита изҳор намуда буд , ки таъсиси чунин иттиҳодияе дар нақша аст, ки тамоми адвокатҳои кишвар, сарфи назар аз узви ин ё он коллегияи адвокатҳо будани онҳо, аъзои он шуда тавонанд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста