Имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Қорӣ Анвар Турсунов аз сокинони ин кишвар даъват кард, ки қарзи худро аз пули обу барқ ва газ сари вақт пардохт кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор намудааст, ки ҳар касе, ки аз ин ҳисоб қарздор аст, наметавонад ба Ҳаҷ биравад.

"Агар шахс ҳатто як сӯм ҳам қарздор бошад, Ҳаҷҷи ӯ қабул намешавад. Мо афродеро, ки аз ҳисоби пули обу барқ ва газ қарздоранд, ба ҳавопаймо роҳ нахоҳем дод", - афзуд ӯ.

Турсунов қайд кард, ки инсон барои ҳар қатра оби исрофкардааш дар назди Худованд ҷавоб хоҳад дод. "Дар Ӯзбекистон ҳастанд, нафароне, ки намоз мехонанд, Ҳаҷ мераванд, вале пули барқи истифодакардаи худро намедиҳанд", - изҳор дошт имом-хатиб.

Охири моҳи гузашта президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур дод, то дар назди Додситонии кулли ин кишвар шуъбае таъсис дода шавад, ки пардохти қарзҳо аз пули барқу газро назорат кунад.

Маъракаи мақомоти Ӯзбекистон барои ҷамъоварии қарзи хидматрасониҳои коммуналӣ ва мубориза бо "пайвасткунии худсарона" дар ҳоле роҳандозӣ шудааст, ки бино ба гуфтаи онҳо, ин кишвар тайи солҳои ахир бо мушкили норасоии нерӯи барқ рӯбарӯ аст.

Бар пояи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир, қарзи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар Ӯзбекистон аз пули газу барқ наздики 1,25 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бештари ӯзбекистониҳо аз набудани барқу газ шикоят доранд. Баъзеи минтақаҳои ин кишвар дар як шабонарӯз чанд соат барқ гирифта, дар баъзеи дигар газ нест.