Президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков савганд ёд кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, раиси Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон Нурҷон Шайлдабекова ба Ҷээнбеков шаҳодатнома ва нишони президентии кишварашро тақдим кард.

Қобили зикр аст, ки Сооронбой Ҷээнбеков дар интихоботи президентии Қирғизистон, ки 15 октябр баргузор шуд, бо ба даст овардани беш аз 54%-и раъй баранда эълом шуд.

Гуфта мешавад, Ҷээнбеков ҳангоми суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ ба Алмосбек Отамбоев миннатдорӣ баён карда, гуфт, дар нахустин фармони худ ӯро бо унвони "Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон" ва ордени "Оқ-Шумқор" қадрдонӣ хоҳад кард.

Вай изҳор доштааст, ки ҷонибдори низоми порлумонӣ дар Қирғизистон аст ва роҳеро идома хоҳад дод, ки Отамбоев оғоз кардааст. Дар охир президенти пешин Отамбоев ба президенти нави Қирғизистон дуо дод.