Президенти собиқи Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо аҳли хонаводааш ин кишварро тарк кардааст. Хабаргузории 24.kg ба истинод ба манбаъҳои наздик сарвари собиқи давлат ин хабарро расонаӣ кардааст. Сооронбой Жээнбеков 28-уми январ дар маросими савгандёдкунии Содир Ҷаббаров президенти тозаинтихоби Қирғизистон ҳузур дошт.
Хабаргузориҳои қирғизӣ навиштааст, Жээнбековаз аз фурудгоҳи байналмилалии Манас ба Истамбул ва сипас ба Ҷидаи Арабистони Саудӣ парвоз кард. Котиби муатбуотии Сооронбой Жээнбеков ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, президенти пешин субҳи 2-юми феврал ҳамроҳи ҳамсараш барои адои маросими Умра (Ҳаҷҷи Умра) ба Макка сафар кард.
Бархе аз расонаҳои дигари қирғизӣ навиштаанд, ки Жээнбеков кишварро тарк кардааст, зеро ӯ бояд 3 феврал дар додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек дар парвандаи муовини собиқи сарвазир Дуйшенбек Зилалиев шоҳидӣ медод.
Аммо сухангӯйи Жээнбеков гуфтааст “Сооронбой Жээнбеков ин сафарро аз моҳи ноябри соли 2020 ба нақша гирифта буд. Азбаски, бо назардошти пандемия, вуруд барои ҳоҷиён маҳдуд карда шудааст, тибқи тартиби муқарраршуда барои адои маросими Умра, розигии расмии ҷониби Саудӣ лозим буд, ки ризоият дар аввали моҳи феврали соли 2021 гирифта шуд”.
Вай илова кардааст, ки Умра беш аз 10 рӯз идома хоҳад кард ва сипас Сооронбой Жээнбеков ба Бишкек бармегардад.
Ҳамчунин бархе ширкатдорони рӯйдодҳои октябр дар Қирғизистон дархост карданд, ки президенти собиқ аз сӯйи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Издиҳоми рӯйдодҳои моҳи октябр бар он боваранд, ки Сооронбай Жээнбеков ҳақ надошт, ки фармони пароканда кардани гирдиҳамоии 5 октябрро содир кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста