Девони вазирони Қирғизистон ва ширкати канадагии "Сентерра голд инк." созишномаи интиқоли кони тилои Қумторро ба ихтиёри Қирғизистон имзо карданд.

Баъди имзои созишнома президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, ки кон ба кадом шартҳо ба ҷониби Қирғизистон дода шудааст. Ба ин тартиб, даромади соф аз кон, ки баъди таъйин кардани мудирияти хориҷӣ - аз 15 майи соли 2021 то ин замон - ба даст омадааст, дороии Қирғизистон дониста мешавад. Ин даромад 323 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба илова, бино ба созишнома, "Сентерра" даромад аз ҳисоби саҳмияҳоро барои 9 моҳи соли 2021, ки 11 миллион долларро ташкил медиҳад, ба Қирғизистон мепардозад. Ба ҷуз инҳо, ширкати канадагӣ дар ҳаҷми 50 миллион доллар ба ҷониби Қирғизистон пардохти якдафъаӣ анҷом медиҳад ва бунёди рекултиватсионӣ, ки 53 миллион доллар дар ихтиёр дорад, ба ҷониби Қирғизистон дода мешавад.

"Сентерра", бино ба созишномаи имзошуда, аз ҳамаи баҳсҳои додгоҳӣ даст мекашад. Ҷониби Қирғизистон ҳам ҳамаи даъвоҳои додгоҳиашро нисбати ширкати канадагӣ пас мегирад.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати Сентерра ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт. Сиёсатмадорони мухолиф дар гузашта борҳо талаб карда буданд, ки кони тило миллӣ карда шавад.

Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тилои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ дар кон мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати Сентерра талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.

Ширкати Сентерра даъвои ҷониби Қирғизистонро дар бораи расонидани зарар ба муҳити зист рад мекунад. Ин ширкат ҷониби Қирғизистонро ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ кашид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.