Имрӯз, 14-уми сентябр, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони чор кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбоҷон мулоқот анҷом дод ва ҷонибҳо бо рӯзномаи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, Қосим-Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон аз ҳамкориҳои ҷонибайн гуфтугӯ карданд.
Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон зимни мулоқот умед бастанд, натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода ба инкишофи минбаъдаи онҳо мусоидати муассир хоҳад кард.

Инчунин, онҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории ду давлатро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок муҳокима намудаанд.
“Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду давлат, инчунин масъалаҳое, ки ба рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи баланд дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ворид гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”, - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзудааст, ки дар ҷараёни мулоқот президентҳо атрофи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти имрӯза дар мавриди “риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек” гуфтугӯ кардаанд.

“Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди равандҳои мусбат дар минтақаи мо мусоидати муассир хоҳад намуд”, - гуфтааст манбаъ.
Раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон низ зимни мулоқот оид ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.
Ҳамин тавр, хадамоти матбуоти раси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор Бердимуҳаммадов ва Қосим-Жомарт Токаев низ мулоқот намуда, бо рӯзномаи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуданд.

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд, низ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки иштироки роҳбари Озарбойҷон дар кори ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омили рушди муносибатҳо байни ду давлат хоҳад гардид.
Бояд гуфт, ки нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пагоҳ, 15-уми сентябр, дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст, ки асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин, 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста