Соли нави таҳсил оғоз гардиду кӯдакон ба мактаб рафтанд. Барои бо либоси зебову лавозимоти мактабии зарурӣ таъмин кардани хонандагон, волидони онҳо чӣ қадар маблағ сарф кардаанд? Дар давлатҳои ҳамсоя вазъ чӣ гуна аст? Нашрияи Kaktus.media хароҷоти мазкурро барои ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ ҳисоб кардааст.
Тоҷикистон - аз 38 то 135 доллар
Бино ба иттилои Stanradar, тоҷикон барои омода кардани фарзанди хеш ба соли нави таҳсил ҳудуди 420 сомонӣ (38 доллар) сарф кардаанд.
Аммо як назарпурсии “Азия-Плюс” нишон дод, ки аксари тоҷикон барои ба мактаб фиристодани як фарзанди хеш то 1500 сомонӣ (135 доллар) сарф кардаанд.
Қирғизистон - аз 80 то 340 доллар
Дар Қирғизистон барои кӯдакро ба соли нави таҳсили равон кардан 79,32 доллар сарф мешавад. Бо ин миқдор пул либосу лавозимоти арзону пастсифатро харидорӣ кардан мумкин будааст. Бинобар гуфтаи волидайн бошад, дар баъзе ҳолатҳо хароҷоти онҳо то ба 340 доллар расидааст. Аксарият таъкид карданд, ки нархҳо нисбат ба соли гузашта боло рафтааст.
Қазоғистон - аз 87 то 215 доллар
Агар ҷузвдон, лавозимоти конселярӣ барои як сол, як ҷуфтӣ либоси мактабӣ ва варзишӣ харид кунед, маблағи умумӣ 87 доллар мешавад.
Ба гуфтаи сокинони Қазоқистон агар кӯдакро пурра ба соли хониши нав омода кунед ва тамоми лавозимоти мактабии заруриро харид кунед, метавонад то 215 доллар хароҷот шавад. Чун молҳои лозимаро доим бо нархи дастрас ёфтан ғайриимкон аст.
Ба фикри сокинони пойтахти Қазоқистон нархи бозорҳо аз нархи мағозаҳои шаҳр он қадар фарқкунанда нест.
Ӯзбекистон - аз 74 то 205 доллар
Соли 2023 барои ба мактаб фиристодани кӯдак дар Ӯзбакистон ба ҳисоби Sputnik.uz. ҳудуди 1 472 000 сӯм (120 доллар) сарф шудааст.
Аммо ба иттилои хабаргузории Kazinform дар Ӯзбакистон, маҷмӯи пурраи лавозимоти мактабӣ аз 600 ҳазор то 1 миллион сӯм арзиш дорад. Бар иловаи ин, барои либоси мактабӣ волидайн вобаста ба синну сол ва хоҳиши кӯдак аз 300 ҳазор сӯм то 1,5 миллион сӯм сарф мекунанд. Яъне, дар умум барои лавозимот ва либосӣ мактабӣ аз 900 000 (74 доллар) то 2 500 000 сӯм (205 доллар) сарф мешавад.
Оид ба Туркманистон иттилои кофӣ дастрас нест.
Эмомалӣ Раҳмон ба Турсунзода рафт. Кадом иншоот ба истифода дода шуд?
Соли 2023 дар Тоҷикистон 44 ҳазор хонанда баъди синфи 9 таҳсилро қатъ кардааст
Дар Тоҷикистон боз як бонки нав - “Фридом Бонк Тоҷикистон” иҷозаи фаъолият дарёфт кард
Офарандаи яке аз нақшҳо дар филми “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” дар садамае ҷон бохтааст
Огоҳии КҲФ аз хатари омадани селҳо дар навоҳии кӯҳӣ
Захираи маводи сӯхт барои соҳаи маориф дар зимистон. Дар куҷо чанд дарсад иҷро шуд?
Сармураббии мунтахаби футболи Қазоқистон барои беэҳтиромӣ ба забони давлатӣ муҷозот шуд
“Я даҳа иҷа бтакон”. Намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия чӣ тавр фаъолият мекунад?
Володин даъват кард, ки табибону омӯзгорон аз рӯйхати касбҳо бо ВНЖ-и соддашуда хориҷ шаванд
Владимир Зеленский “тарҳи пирӯзӣ”-ашро ба вакилони парлумони Украина муаррифӣ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста