Ҳар инсон вобаста ба касби интихобкардааш ҳадафе дар зиндагӣ дорад. Ишқу алоқа ба сарзамини аҷдодӣ, ба таърих ва фарҳанги ниёкон қаҳрамони навиштаи моро водор кардааст, ки пешаи муаррихиро интихоб кунад.

Шиносномаи ҳуввияти фарҳангӣ, чуғрофиёӣ ва таърихии ҳар миллат қабл аз ҳама дар ихтиёри муаррихон аст. Таърихнавис бо далелҳои мантиқӣ ва илмии худ аз ҳуввият ва чойгоҳи таърихии миллати худ дифоъ мекунад.

Луқмон Бойматов донишмандест, ки рутбаҳои илмӣ барояш муҳим нестанд, балки натиҷаҳои таҳқиқоташ муҳиманд.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ба номи М.В. Ломоносови шаҳри Маскав буда, муаллифи таълифоти арзишманди илмию таҳқиқотӣ дар бахши таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Эрон аст. Мақолаҳои ӯ дар фаслномаҳо ва маҷаллоти илмию пажӯҳишӣ ва низ дар донишномаҳои маъруфи кишварҳои гуногун, аз он ҷумла, Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Иёлоти Муттаҳиддаи Амрико, Олмон ва ғайра ба чоп расидаву мерасанд.
Дар тӯли 35 соли фаъолияти илмиаш Луқмон Бойматов беш аз 20 китоб ва зиёда аз 500 мақолаи худро ба аҳли илму адаб ироъа кард. Муҳимтарин китобҳои ин муаллиф дар бахши таърихи миллати тоҷик аст, ки дар кишварҳои мухталиф ба чоп расидаанд.

Фаъолиятҳои илмии Луқмон Бойматов зери назари муаррихон ва ховаршиносони шодравон А.П. Новоселтсев ва С.Г. Агаджанов дар Институти таърихи Академияи улуми ИҶШС аз миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта оғоз шудааст. Нахустин рисолаи илмии таъринигори ҷавон мухтасари кори дипломии ӯ (раҳнамои илмӣ проф А.П. Новолселтсев, собиқ директори Институти таърихи АУ ИҶШС) дар бораи аҳаммияти таърихии китоби «Ҷомеъ ут-таворих»-и Рашидуддин Фазлуллоҳ буд. Ин рисола зери назар ва таҳрири профессор С.Г. Агаджанов дар Маскав ба чоп расид («Сочинения Рашид-ад-дина как источник по истоpии наpодов Сpедней Азии» (ИНИОН, Москва, 1989).

Муаррихин ва ховаршиносони номии Русия, ба мисли, академикҳои шодравон профессор А.П. Новоселтсев, С.Г. Агаджанов, Д.Ю. Арапов, А.И. Фалина, В. Васильев ва мутахассисони баландпояи муосир чун В.В. Егоров, И. Султонов, В.В. Трепавлов, А.Ш. Кадырбаев, В. Тимохин ва чанде дигарон таҳқиқоти Луқмон Бойматовро дар заминаи таърихи сиёсӣ ва иҷтимоъии Осиёи Марказӣ дар асри муғул бисёр боарзиш медонанд.

Чунончи, мутахассиси маъруфи таърихи имперотурии муғулон профессор В.В. Трепавлов навиштааст:

«Л. Д. Бойматов убедительно показывает негативные последствия монгольского нашествия для древнейших культурных областей Мавренаннахра и Хорасана… В этой связи интересен предпринятый автором анализ налоговой системы при хане Чагате и его преемниках, характеристика важнейших податей и повинностей. Кроме того, впервые в исторической литературе дается систематическое описание административной системы государственного устройства улуса». (Руҷӯъ кунед ба: Трепавлов. В. В. Рецензия. // Газофкорон)

Китобҳои Луқмон Бойматов, ки ба забони русӣ ба чоп расидаанд, аз қабили: «Авзоъи иҷтимоъӣ-иқтисодии Осиёи Марказӣ дар асрҳои XIII-XIV» («Социально-экономическое положение Центральной Азии в XIII-XIV вв.», «Дониш», 2009); «Темур ва Сарбадорони Самарқанд» («Тимур и Сарбадары Самарканда», «Дониш», 2011); «Сарбадорони Самарқанд» («Сарбадары Самарканда», LAP, 2015) ва китоби «Темурмалик» («Тимур Малик: Первоисточники и научная литература. Сборник статей» (LAP, 2019) зери назари илмии муаррихон ва ховаршиносони номии Русия ба чоп расидаанд.

Луқмон Бойматов бо мутахассисон ва муҳити илмии кишварҳои Амрико ва Урупо иртиботи мустақим дорад. Таҳқиқот ва таълифоти ӯ дар заминаи таърихи Оли Сомон ва таърихи истило ва ҳукуматҳои муғулӣ дар Осиёи Марказӣ аз тарафи коршиносони амрикоӣ, конодоӣ ва суедӣ, ҳамчун профессорон Р. Фолтс, С. Ф. Старр, А. Анӯшаҳр, П. Голден, Б. Манз, Т. Май ва дигарон истиқбол шуда ва ҷиҳати ҳамкориҳои илмии минбаъда бо ин муаррихи тоҷик иқдомоте низ сурат гирифтааст.
Луқмон Бойматов дар шаҳри Вашингтон, ИМА

Луқмон Бойматов муддатест, яке аз муллифони машҳуртарин донишномаи муосири ҷаҳонӣ «Донишномаи Ираника» (“Encyclopedia of Iranica”), ки зери раҳбарии устоди шодравон Эҳсони Ёршотир дар Донишгоҳи Коламбияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис шуда буд, маҳсуб мешавад.

Аммо таълифот ва пажӯҳишҳои таърихии Луқмон Бойматов дар мавриди масоили мухталифи таърихи Осиёи Марказӣ дар кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз эътибори фавқулоддае бархурдоранд.
Қобили зикр аст, Луқмон Бойматов нахустин мутахассис ва таърихнигор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки соли 1991 аз тарафи донишгоҳи Исфаҳон барои ҳамкориҳои илмӣ ва гузаронидани фурсати мутолиоти илмӣ ва пажӯҳишӣ даъват шудааст. Ӯ баъдан бо чанде аз донишгоҳу марказҳои маъруфи илмию пажӯҳишии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муддати беш аз 10 сол ҳамкорӣ доштааст.

Маҳсули фаъолиятҳои илмӣ ва ҳамкориҳои ӯ нашри кутуб ва теъдоди зиёди мақолоти илмию таҳқиқотӣ дар заминаи таърихи мардуми тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Чунончи, фақат яке аз сомонаи интернетии илмии ин кишвар, ки ба номи «Пойгоҳи тахассусии Нур» машҳур аст, се китоб («Шӯриши Маҳмуди Торобӣ», «Инқилоби исломӣ аз дидгоҳи донишмандони Шӯравӣ. Солҳои 1979-1991» ва «Фиребхӯрдагонем») ва беш аз 70 мақолаи ин муаррихи тоҷикро, ки ба забони форсӣ ҷамъоварӣ карда, барои истифодаи мутахассисон ва умум гузоштааст.

Таълифоти Луқмон Бойматов дар мавриди таърихи дудмони Сомониён ва нақду баррасиҳои ӯ дар баҳсҳои дигари таърих дар Ҷумҳурии Исломии Эрон эътибори вижаеро дорост.

Устодони маъруфи муосири эронӣ, аз қабили Исломии Надӯшан, Ҷаводи Муҳаққиқ, Абдулҳусайни Навоӣ, Абулфазл Набаӣ, Ширин Байнӣ, Мирҳусайни Мирҷаъфарӣ, Меҳдии Кайвон, Ҷаъфар Ёҳақӣ, Муҳаммадризо Ноҷӣ, Абдуррасули Хайрандеш, Ҷаводи Ҳиравӣ, Абулфазли Фурӯзонӣ ва дигарон таҳқиқоти Луқмон Бойматовро бисёр арзишманд медонанд.

Пас аз бозгашти худ аз Эрон ба Тоҷикистон (соли 2005) Луқмон Бойматов тавонист дар кӯтоҳтарин замон муваффақ ба таълифи рисолаи «шашгона» пиромуни қаҳрамонони миллати тоҷик, яъне «Спитамон», Абӯ Муслими Хуросонӣ», «Муқаннаъ», «Темурмалик», «Маҳмуди Торобӣ» ва «Сарбадорони Самарқанд» (соли чоп 2006) шавад. Ин силсилаи таърихӣ, метавон гуфт, дар навъи худ дар илми таърихинигории тоҷик беназир аст ва то ҷое медонем, пас аз чопи ин силсила то имрӯз ҳеҷ як аз муаррихон ва пажӯҳишгарони мо натавонистаанд дар мавриди шахсиятҳои мазкури таърихи миллӣ асари комилан илмиро ироъа кунанд (Руҷӯъ кунед ба: Муродӣ А. Шаш сабақи беназир. // Омӯзгор, 2006, 19 май, С. 12. (Тақриз).

Зимнан рисолаҳое аз «силсилаи шашгона»-и муаллиф пас аз муддате ба пажӯҳишҳои пурбори илмӣ табдил шуданд. Китобҳое, чун: «Аз Темурмалик чӣ медонем?» («Ирфон», 2006); «Шӯриши Маҳмуди Торобӣ» («Восстание Махмуда Тараби». Отв. ред. д.и.н. С.Г. Агаджанов, д.и.н. М.В. Олимов «Ирфон», 2011); «Темур ва Сарбадорони Самарқанд» («Тимур и Сарбадары Самарканда. Рецензент: д.и.н. В.В. Трепавлов. «Дониш», 2011); «Сарбадорони Самарқанд» («Сарбадары Самарканда. Отв. ред. д.и.н., проф. А.Ш. Кадырбаев, Рецензент: д.и.н. В.В. Трепавлова. LAP. - Берлин, 2015); «Спитамон» («Ирфон», 2016), Сарбадорони Самарқанд. Воқеъиятҳо ва андешаҳо. Муҳаррири масъул ва муқарриз: Академики илмҳои Тоҷикистон Акбари Турсон (“GlobeЕdit”, Beau Bassin - Mauritius, 2019); «Темурмалик» («Тимур Малик: Первоисточники и научная литература. Сборник статей. Отв. и научн. ред. д.и.н., профессор А.Ш. Кадырбаев. LAP, 2019) ва ғайра намунаҳое аз таҳкиқоти ин таърихнигори тоҷиканд.


Пажӯҳиш ва навиштаҳои муаррих Луқмон Бойматов дар баҳсҳои фалсафаи таърих ва нақди илми таърихнигории муосир қобили ситоишанд. Китобҳои муаллиф, аз қабили: «Озодии гумшуда» («Оҳанги қалам», Машҳад, 1384); «Сегонаи мутаҳҳар» («Пайванд», 2009); «Таърихзадагӣ» («Ирфон», 2011); «Номадизми муғулӣ дар Осиёи Марказӣ» («Монгольский номадизм в Центральной Азии», LAP, 2015); «Нақди китоби «Асл ва насаби Сомониён» («Критика монографии «Происхождение Саманидов», LAP, 2018) ва «Газофкорон. Шинохти осори таърихии тарфандин» (“GlobeЕdit”, 2019) намунаҳое мебошанд аз таълифоти муалллиф дар мавзӯъоти фалсафаи таърих ва нақду баррасиҳои таърихӣ.

Ҷадидан китоби Луқмон Бойматов таҳти унвони «Худкомагон дар ойинаи таърих» (Нашриёти “GlobeEdit”, Beau Bassin (Mauritius, 2020) дар мавзӯъи фалсафаи истибдод ва сифоти худкамогон дар таърих ба чоп расид. Ин китоб барои муаррихон, файласуфон ва ҷомеашиносони миллӣ бисёр муҳим ҳоҳад буд.

Мақолаҳои ин муаррих дар нақд ва баррасиҳои осори муҳаққиқони шӯравӣ ва русӣ дар робита бо таърихи тамаддун ва улуми даврони исломӣ ва саҳми донишмандони эронӣ дар тарвиҷи донишҳои мухталиф бисёр судманданд. Нақдҳои илмии Луқмон Бойматов дар масоъили таърихи илм ва дониши эронию исломии асрҳои миёна, мавриди таваҷҷуҳи мутахассисоне, чун профессорон Б.А. Розенфелд, М.М. Рожанская (Русия), Аҳмади Шарафуддин (Эрон) ва Фредрик Старр (Амрико) қарор гирифтааст. Чунончи, профессор Фредрик Старр навиштааст:

“I congratulate you on your valuable research to date… Your knowledge of the Khujand area will surely prove of great interest to many of us, since it has remained for too long a ",belioe piatno," in spite of its most famous astronomer-son.” (Professor S.F. Starr)

Аз ҷойгоҳи китобҳои фалсафию таърихии Луқмон Бойматов дар доираи аҳли илми Эрон ҳамин далел кофист: китоби ӯ бо номи «Фиребхӯрдагонем», ки асосан дар бахши фалсафаи таърих ва ирфон аст, дар кӯтоҳтарин замон се бор ба чоп расида, манзури алоқамандони форсизабонҳо қарор гирифтааст.

Ин китоб соли 2012 бо бозбинии муҷаддад ва иловаҳое ба кирилӣ баргардон шуда, аз тарафи нашриёти «Бухоро» ба чоп расид. Дар бораи сабки вижаи қалами муаллифи ин китоб дуктур Мазҳариддин Ғозиев навиштааст:

«Тарзи нигориш ё сабку равиш чунон зебо ва шевост, ки ба «Баҳористон»-у «Хористон»-у «Гулистон» шабоҳат ва қаробат дорад. Чун ба мазмуни ҳикоятҳо мутаваҷҷиҳ мешавед, бедиранг ба ёди он меафтед, ки ағлаби матлаб ва мавзӯъ аз Қуръону аҳодиси набавӣ ва аз «Наҳҷул балоға»-и ҳазрати Алӣ, аз ҳикматҳои Суқроту Афлотун, аз пандҳои ҳаким Конфусий ва нигоштаҳои фалсафӣ ва ирфонии Халил Ҷуброн ва ғ. ахзи илҳом ва маънӣ шудааст. …Нуктаи хеле гуфтанӣ ва ҷолиб ин аст, ки муаллиф муаррих аст, на забоншиносу адиб. Бо ин вуҷуд, дар корбасти вожаҳо, ибороту ҷумлаҳо чунон мусаллат ва чунон закию фаҳим аст, ки комилан аз уҳдаи ин шакаргуфтори пурҳикмати обоӣ: «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» бо сарбаландӣ берун омада, ки гӯйӣ доди суханро додааст!» (Руҷӯъ кунед ба: Ғозиев М. Муаллифаш муаррих аст. // Фиребхӯрдагонем, 2012, С.7-8).

Ибтидои соли 2013 Луқмон Бойматов аз тарафи донишгоҳи Уппсолаи Суед (Шветсия) даъват шуд ва сипас дар ин кишвар иқомат гузида, ҳамакнун бо чанде аз марказу донишгоҳҳои урупоӣ ва амрикоӣ ҳамкориҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ дорад.

Охири соли гузашта бо талошҳои Луқмон Бойматов ва ҳамкории чанд нафар аз муҳаққиқон ва фарҳангиёни тоҷики муқим дар кишварҳои урупоӣ ва бо ширкату ҳимоятҳои теъдоде аз коршиносони кишварҳои хориҷӣ дар Суед (Шветсия) маркази мустақили «Институти илмию таҳқиқотии байнулмилалии тоҷикпажӯҳӣ» таъсис гардид. Аҳдофи аслии он тавсеа ва тарвиҷи таҳқиқоту пажӯҳишҳо дар заминаи таърихи миллатҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама таърихи мардуми тоҷик ва ҳимоят аз мероси таърихӣ ва фарҳангии ниёкон аст.

Номи аслии марказ ба забони суедӣ: ”Internationellt forskningscenter för tadzjikiska studier” (IFTS); ба форсӣ: "انستوی بین المللی تحقیقات تاجیک پژوهی "; ба инглисӣ: "International Research Institute for Tajik Studies" (IRITS) ва ба русӣ: “Международный научно-исследовательский Институт таджиковедения” (МНИИТ) ва шумораи саби номаш №802527-0516 аст.

Мутахассисин ва ховаршиносони номӣ дар бораи ҷойгоҳи таълифоти Луқмон Бойматов:

“Асар (китоби «Шӯриши Маҳмуди Торобӣ») муфассалтарин баёнот ва тадқиқоти бисёр ҳам сангину муҳим дар боби таърихи қарни XIII Бухоро аст. Дар он тақдири аҳли мулки азиз дар аҳди муғул хеле боасос нишон дода шудааст, ки бисёре аз асноду баёнотро дар дигар осори таърихӣ-тадқиқотӣ наметавон ёфт”.

Академик Муҳаммад Осимӣ

“Китоби мазкур («Сарбадрони Самарқанд») нахустин пажӯҳиши муфассали илмӣ дар бораи таърихи яке аз бузургтарин наҳзатҳои озодихоҳонаи тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаи ахир аст – ҳазорсолае, ки қавми тоҷик таҳти зулму ситами салтанатҳо ва идеологияҳои бегоназод сукунат дошт. Сухан аз муборизаи мусаллаҳонаи онон бо муғулони истилогар меравад, ки дар илми таърихнигорӣ, чандон бояд, мавриди таҳқиқу тааммул қарор нагирифтааст. Метавон гуфт, ки дар таърихномаи иҷтимоии мардуми тоҷик таҳқиқоти Л. Бойматов ҷойи сазовор хоҳад дошт”.

Академик Акбари Турсон

“Таҳқиқи арзишманди дуктур Луқмон Бойматов аз ҷиҳати бисёре метавонад мавриди таваҷҷуҳи алоқамандон ба таърих қарор бигирад. Савои он чӣ ки аз мутолаъаи вақоеъ пешомада ҳосил мешавад, дар таҳлилҳои рисола…, нукоти муфид ва олимонаи зиёдеро метавон ҷуст, ки шояд муҳимтарин онҳо барои ин ҷониб кумак ва дарки авомил ва аносири бешумор, ки ҷумлагӣ даст ба якдигар дода ва таърихи моро сохтааст…”.

Дуктур Луқмони Деҳқон, устоди донишгоҳи Исфаҳон

«Самое большое достижение в области изучения данной проблемы, на наш взгляд – это освещение истории восстания под руководством Махмуда Тараби в Бухарском оазисе. На богатом фактическом материале Л. Д. Бойматов сумел показать последствия и историческое значение восстания Махмуда Тараби в истории монгольской империи».

Академик Б.И. Искандаров

«Монография Л.Д. Бойматова посвящена проблемам социально-экономических отношений и народно-освободительных движений в Средней Азии во второй четверти XIII в. под властью монгольских завоевателей. В ней автор на основе материалов первоисточников и исторической литературы, комплексно и всесторонне исследовал экономику, общественные отношения и народные движения указанного периода, что, безусловно, должно заполнить существующий пробел в историографии данной темы».

Профессор В.Л. Егоров

«…Кроме того, впервые в исторической литературе дается систематическое описание административной системы государственного устройства улуса. На материалах чагатайского Мавераннахра Л.Д. Бойматов рассматривает некоторые принципиальные явления, характерные для всей Монгольской империи на огромной территории Евразии. Во-первых, это институт соправительства – унаследованной из кочевой старины порядок совместного правления двух монархов. Убедительно показано, что данное архаическое явление сохранилось в Чагатаидском улусе на протяжении второй половины XIII в., т. е. гораздо дольше чем было принято считать в историографии…»

Профессор В.В. Трепавлов

“Dear Dr. Boymatov! I am impressed by all that you have done and are doing… I would encourage you, if at all possible, to get your major work translated into English.”

Professor S.F. Starr

“Re-reading your impressive bibliography, it seems to me a high priority should be to get one or more of your major works translated into English and published. This will open up to you many avenues and possibilities that are now inaccessible.”

Professor S.F. Starr

“It would be highly desirable for a major work by you, whether translated or a new one, appear in English as a means of "raising your flag in the international world of scholarship.”

Professor S.F. Starr

Манобеъ:

Бойматов Л.Д. Газофкорон. Шинохти осори таърихии тарфандин. “GlobeЕdit”, 2019.

https://tg.wikipedia.org/wiki/Луқмон_Бойматов

https://independent.academia.edu/ЛукмонБойматов/

https://independent.academia.edu

Лукмон(Lukman-لقمان)Бойматов(Boymatov-بایمت اف) - Academia.edu

لقمان بایمت اف - پایگاه مجلات تخصصی نور

www.noormags.ir/view/fa/creator/1297

لقمان بایمت اف - پایگاه مجلات تخصصی نور

www.noormags.ir/view/fa/creator/6509

پرتال جامع علوم انسانی-لقمان بایمت اف

www.ensani.ir/fa/10038/profile.aspx