Такрори бепоёни баҳси худшиносӣ дар ду даҳаи охир боризтарин далели ин нукта аст: мо ҳанӯз худро нашинохтаем. Аҷибтар ин ки имрӯз дар баррасии мабоҳиси худшиносӣ дар Тоҷикистон камтар ба асли масъала таваҷҷуҳ мешавад. Агар аз як тараф касоне ҳей даступо мехӯранд, ки тамоми буду набуди худшиносии миллиро дар маҳдудаи таърихии сиёсати ҳукумати кунунӣ ҳаллу фасл ва шинохти миллатро дар шинохти “дуруст”-и сиёсатҳои давлат хулоса кунанд, тарафи дигар мехоҳад, тамоми тору пуди тоҷикро исломӣ кунад ва шинохти дурусти боварҳои исломиро худшиносии миллӣ талаққӣ диҳад.
Агар як фард дар шинохти хештан ва донистани мақому мартабааш ба мушкил дучор ояд ва пешрафт накунад, мояи таъаҷҷуб нест. Чиро ки худшиносии фардӣ аз ҷустор ва дарёфти берунӣ дида бештар дар тааммул ва тааммуқ дар зоти худи тараф ҳосил мешавад. Ва дар ин мақом баҳси худшиносии миллӣ содатар ба назар мерасад. Чиро? Чун барои ин ки як миллат худшинос шавад ба ҷойгоҳи худро дар ҷаҳон бидонад ва аз зарфияту қобилияти таърихии худ огоҳ шавад кофист, ки ба таърих муроҷиат кунад. Яъне вақте як миллат бар таърихи худ тасаллути комил биёбад, бидонад, ки куҷои таърих ба сараш чӣ омадаву аксуламалаш бар ҳаводиси таърихӣ чӣ буда, бидонад, ки тӯли таърих ӯ дар баробари ақвому милали дигар дар чӣ ҷойгоҳе қарор дошта ва билохира, бидонад, ки саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ чӣ миқдор аст, нохудогоҳ ба худшиносии миллӣ даст меёбад. Ба ростӣ, худшиносии миллӣ ғайри ин наметавонад бошад.
Шояд касоне ҳам эътироз кунанд, ки баҳси худшиносии миллӣ бе баррасӣ ва пажӯҳиши таммадуну фарҳанги як миллат дар баробари омӯзиши таърихаш ба ҳеҷ ваҷҳ комил намешавад. Чиро ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои бозшинохтани як миллат бештар фарҳангу тамаддуни он қавмро ба баррасӣ мегирад, на таърихашро. Масалан, дунё жопуниҳоро ҳамчун миллате, ки дар кор хунукназарӣ ва саҳлангориро қатъан намепазиранд ва чун соҳибони фарҳанги баланди эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбати ҳамдигар мешиносад.
Аммо масъала ин ҷост, ки баҳси худшиносии миллӣ ва шинохти як миллат аз тарафи ақвоми дигар ҳаргиз як набудааст. Яъне як миллат метавонад бо баъзе мушаххасоти тамаддуну фарҳангаш аз тарафи ҷомеъаи башарӣ шинохта шавад, дар ҳоле ба худшиносии миллӣ дастёб нашуда бошад.
Дуруст аст, ки фарҳангу таммаддун аз аҷзои ҷудонопазири абзори худшиносии миллӣ ҳастанд. Аммо ҳаргиз як миллат фақат бо зинда доштани фарҳангу тамаддуни таърихиаш ба худшиносии миллӣ намерасад. Чун аслан имкон надорад, ки як дастоварди фарҳангӣ ё як тамаддун бе омӯхтани таърихи он абзоре барои расидан ба худшиносии миллӣ шавад. Барои исботи ин ҳарфҳо мешавад ба яке аз аносири решаӣ ва тамаддунофари фарҳангамон ҷашни “Наврӯз” таваҷҷуҳ кард. Чиро бузург доштани “Наврӯз”, ба як паҳлӯи идеолужии давлат табдил додани ҷашн гирифтани он ва ҳатто унвони “ҷашни ҷаҳонӣ” гирифтанаш моро ба худшиносии миллӣ нарасонид? Чун то ҳанӯз тоҷик ончунон, ки ҷашни “Наврӯз”-ро мешиносад, таърихи онро, мазмуни онро, аҳамият ва ҷойгоҳи онро дар фарҳанги ҷаҳонӣ намешиносад. Ба иборати дигар, агар мо бихоҳем, ки аз “Наврӯз” чун абзоре барои расидан ба худшиносиамон истифода кунем, на ҷашн гирифтани онро, балки таърихашро таблиғ бояд кард.
Яъне вақте мо таърихро ҳамчун ягона абзори худшиносии миллӣ медонем, бояд фарҳангу тамаддунро ҳам ҷузви таърих бидонем ва сараввал ҷойгоҳи таърихии инҳоро дар шаклгирии мушахассоти миллат баррасӣ кунем.
Ҳоло суол ин ҷост, ки агар роҳи расидан ба худшиносии миллӣ фақат мусаллат будан бар таърихи хештан бошад, магар мо таърих намехонем, ки аз ин неъмат бебаҳраем? Барои посух додан ба ин пурсиш ба муҳтавои тадриси таърих дар дабиристонҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ошно бояд шуд.
Дабиристонҳои мо риштаи “Таърихи халқи тоҷик”-ро ҷудо аз “Таърихи ҷаҳон” шаш сол тадрис мекунанд. Дар донишгоҳҳо, ба истиснои донишкадаҳои улуми дақиқ, тиб, зистшиносӣ давраи омӯзиши “Таърихи халқи тоҷик” ҳатмист. Пас, вуҷуд надоштани худшиносии миллӣ дар мо ба чӣ рабт мегирад? Барои посух додан ба ин пурсиш бояд ба муҳтавои китобҳои дарсии таърих дар дабиристонҳои Тоҷикистон муроҷиат кунем. Ба таври фишурда метавон чунин дарёфт, ки дар синфҳои 5-6 ва 7 кӯдакон, ки ҳанӯз қобилияти камтари таваҷҷуҳ кардан ба масъалаҳои ҷиддиро доранд, мехонанд, ки то омадани арабҳо таърихи пуршукӯҳе доштаанд. То синфи 10 таърихи асрҳои миёнаро аз худ мекунанд ва сарнавишти талхи мардумашонро мехонанд. Ду соли охир дармеёбанд, ки аз куҷое куммунистҳои рус бо сарварӣ ва ҳидояти Ленин ба наҷоти мардуми тоҷик шитофта чӣ гуна дар Бухоро “инқилобе”-ро ба роҳ мемонанду ба мардум алифбову забони “наву коромад ва осонфаҳм” ҳадя мекунанд ва чӣ гуна барои мардум рӯзномаву маҷаллаҳо месозанд. Дар ин ду соли охир донишомӯзони дабиристонҳои тоҷик огоҳ мешаванд, ки чӣ гуна босмачиҳои худӣ ғаддору таррору ҷаллодони бераҳманду аскарони сурхи бегона чӣ меҳрубону дилсӯзу поктинат.
Яъне чӣ? Яъне ин ки мо ҳанӯз ба таърихи хештан мусаллат нашудаем. Мо ҳанӯз, таърихеро мехонем, ки бароямон дигарон навиштаанд. Чун, таърихамонро бо хатту забони бароямон бегона мехонем. Ва тамоми моҷарои худношиносии миллати мо даври ҳамин лаҳзаи наҳси таърихамон мечархад. Чӣ гуна метавонад як миллат бар таърихи худ мусаллат шавад, вақте забонеро, ки беш аз ҳазор сол бо истифода аз он таърихи худро менавишт, инкор кунад? Чӣ гуна метавонад як миллат бар таърихи худ мусаллат шавад, вақте қавмияташро дар як ҳудуди ҷӯғрофиёӣ, ки дигарон барояш муайян кардаанд, маҳдуд медонад?
Билохира, мо касоне шудем, ки бегонагон мехостанд ҳамон бошем. Мо дар ивази ғасби сарзаминҳоямон, қатлу террори мудофеъони ватанамон, манъи истифодаи алифбои ниёконамон, ба масхара кашидани забони пурғановатамон, таҳрифи адабиётамон, инкори таърихамон аз русҳо сипозгузорӣ кардем, ки хатти нав дод, бароямон забони нав «сохт», моро аз бардагӣ озод кард… Бехабар аз он ки моро манқурт кард, то моликамон бошад. Ва шуд. Беҳуввиятӣ ва худбохтагии мо имрӯз ба ҷое расид, ки русҳо имрӯз ба ҷои узрхоҳӣ аз таҷовузи таърихиашон бар мо сари ину он миннат мегузоранд, ва мо ҳам ин корро ҳаққи ҳалолашон меҳисобем. Чун зери тарбияи китобҳое, калон шудаем, ки онҳо бароямон навиштанд.
Мо то ба ин ҳад бегонаву ноошно аз худ бебаҳра аз тарихи хештан ва он қадр кавдану нодон шудем, ки нигарони як ҳарфаке, як вожаҳаке як ҷумлаҳаке дар ҳаққи худамон аз забони дигарон гаштем. Мо то ба ин ҳад фурумоя шудаем, ки аз ҳарфҳои худфурӯхтагон ва дунҳимматоне чун Истолин, Сулувёф (Соловьев), ё Жириновски дар ҳаққамон ба ваҷд меоем, аз ин ки кадом касе дар кадом ҷойе аз мо тоҷикон ёд кардааст, хушҳол мешавем. Мо бар ин боварем, ки русӣ ҳарф задан камоли бофарҳангӣ ва форсӣ гуфтан хиёнати маҳз аст. Мо бар ин боварем, ки танҳо касе тоҷик аст, ки пайванде ба Тоҷикистони кунунӣ дошта бошад...
Мо наводагони Фирдавсие, ки мегуфт:
Зи шири шутур хӯрдану сӯсмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор
Ки тоҷи каёнӣ кунад орзу!
Тфу, бар ту, эй чархи гардон, тфу!
имрӯз дар баробари арабу рус уқдаи ҳақорат дорем.
Мебинед, худношиносӣ моро гирифтори бемории равонӣ кардааст! Ва ҳамон русе, ки мо дар китобҳои таърих аз меҳрубониҳояш мехондем, имрӯз аз ин бемории мо чӣ лаззате, ки намебарад ва чӣ суде, ки намебардорад!
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Оғози ҷамъоварии маълумоти биометрӣ. Аз 1 декабр дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург (қисми 2)”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо ва вазъи обуҳаво барои 6 декабри соли 2024
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста