Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар мусобиқоти гӯштини тарзи озоди Бозиҳои Олимпии Пекин дар вазни то
Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Ю.Абдусаломов бо ҳисоби 3 бар 9 аз гӯштингири гурҷӣ Ревази Миндоришвили шикаст хӯрд.
«Ю.Абдусаломов дар қувваозмоии ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби 8 бар 0 рақиби австралиягии худро мағлуб сохта, дар қувваозмоии чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 7 бар 0 бар варзишгари украинӣ Тарас Данко дастболо гардид, - гуфт ӯ. -
Дар қувваозмоии нимниҳоӣ Юсуф Абдусаломов варзишгари Туркия Серхат Балчиро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод.
Ҳамин тариқ, ҳамаи 15 нафар варзишгарони тоҷик ширкати худро дар мусобиқоти Олимпиада ба анҷом расонида, дар натиҷа соҳиби ду медал шуданд.
Ёдрас мекунем, ки медали нахустинро (биринҷӣ) дзюдочии тоҷик Расул Боқиев ба даст овард. Ҳамчунин боксчиёни тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов дар қатори панҷ нафар боксчиёни беҳтарини олимпиада ҷой гирифтанд. Варзишгарони тоҷик дар олимпиада бори нахуст ба чунин дастовард ноил гаштанд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста