Дорандаи ҷоизаи биринҷии Олимпиадаи Лондон боксчидухтари тоҷик Мавзуна Чориева ба тамринҳо оғоз кард.

Зимни таҷлили ҷашни Истиқлоли ҷумҳурӣ дар ноҳияи Мӯъминобод дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мавзуна Чориева изҳор намуд, ки ӯ ҳамаи онҳоеро, ки аз ӯ дилмонда шуда буданд, ба хубӣ мефаҳмад.

Ба гуфтаи ӯ, ин як эҳосоти мухлисон буда, ҳама медонанд, ки барои инсон оила дар ҷойи аввал буда, дигар корҳо дуюмдараҷаанд.

«Чун духтарчаам каме калон шуду акнун бидуни хавотирӣ ӯро метавон назди хушдоманам гузошт, ман дарҳол ба тамринҳо оғоз кардам», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки ҳадафи ӯ чун пештара иштирок дар Бозиҳои Олимпиадаи соли 2016 дар Бразилия аст.