Дар рӯзи чоруми Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод варзишгарони тоҷик дар намудҳои варзиши сабук, муайтай, гуштини камарбандӣ, ҷиу-ҷитсу ва таеквандо сабқат карда, соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳар се медалро варзишгарони мо дар намуди гуштини камарбандӣ (тарзи озод) ба даст оварданд: Хоҷаев Оятулло дар вазни -55 кг, Алибердизода Ибодулло дар вазни -60 кг ва Эркинбек Абдунабиев дар вазни -65 кг.

Варзишгари маъруфи кишвар Кристина Пронженко, ки дар намуди варзиши сабук, давидан ба масофаи 400 метр ба финал баромада буд, сазовори ҷои шашум шуд.

Тоҷикистон дар чор рӯз сазовори 14 медал, 1 нуқра ва 13 биринҷӣ гардида, миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар мақоми 22 қарор дорад. Дар ин бозиҳо аз Тоҷикистон, 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар аз рӯи 15 намуди варзиш иштирок доранд.

Туркманистон бо 89 медал (43 тилло, 28 нуқра ва 18 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 26 медал (7 тилло, 4 нуқра, 15 биринҷӣ) дорад, дар ҷои дуюм мебошад. Қазоқистон бо 22 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар мақоми сеюм қарор дорад. Умуман варзишгарони 26 давлат то имрӯз соҳиби медал гардидаанд.

Дар 12 рӯзи баргузории Бозиҳои "Ашқобод-2017” 4500 варзишгар дар ҳайати 65 даста (63 давлати Осиё ва Уқёнус, дастаи Шӯрои олимпии Осиё ва дастаи гурезаҳо) барои 347 медал аз рӯи 21 намуди варзиш талош мекунанд.