Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи фармоишеро таҳия намуд, ки дар сурати тасдиқи он, якчанд навъи муҳорибаҳои ҷангӣ манъ карда мешаванд.

Кумита қатъи баргузории мусобиқаҳо оид ба бокси касбӣ, зӯрозмоиҳои омехта, зӯрозмоиҳои универсалӣ, ҷанги дастӣ, панкратион, кикбоксинг (К-1), греплинг, нюфулконтакт ва муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастиро пешниҳод кардааст.

Дар сомонаи расмии Кумита иттилоъ дода мешавад, ки санади мазкур бо назардошти пешгирии зӯроварӣ ва роҳ надодан ба паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс дар соҳаи варзиш омода гардидааст.

Гуфта мешавад, минбаъд пас аз қувваи қонунӣ пайдо намудани ин санад таъсиси гурӯҳҳо аз рӯи ин намуди варзишҳо дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ қатъ мегарданд.

Зимнан Кумита аз масъулини соҳа ва варзишгарон дархост кардааст, ки вобаста ба лоиҳаи фармоиши мазкур то 30 сентябри соли равон таклифу пешниҳодҳои худро расман ба унвонии Кумита пешниҳод намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.