Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи фармоишеро таҳия намуд, ки дар сурати тасдиқи он, якчанд навъи муҳорибаҳои ҷангӣ манъ карда мешаванд.

Тавре аз Кумитаи мазкур дар ин робита иттилоъ доданд, агар пешниҳод қабул шавад, фаъолияти гурӯҳҳои машғул ба чунин навъи варзиш дар мактабҳо ва муассисаҳои таълимии варзишӣ манъ мешавад.

Ба ақидаи собиқ котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ширин Мамадсафоев, барои қабули чунин пешниҳод далелҳои муътамад зарур буда, ба гунаи мисол метавон ба маълумоти омории ВКД рӯ овард,  то ки аз ҷониби намояндагони ин ё он навъи варзиши манъмешуда чӣ миқдор ҷиноят содир карданро муайян кард.

«Солҳои 80-уми замони шӯравӣ машқи гурӯҳҳои каратэ-ро манъ карданд, лекин онҳо пинҳонӣ фаъолият намуда, шумори пайравонашон бештар шуд, - иброз дошт ӯ. - Аз ин рӯ, ҳамаашро чандин маротиба мебояд ба тарозуи ақл баркашида, баъд сари қароре омад».

Номбурда гуфт, ҷорӣ кардани маҳдудияти синну сол беҳтар аст, масалан ба ҷавонони синни то 21-сола манъ кардани машқҳо оид ба муҳорибаҳои ҷангӣ. «Дар робита ба муҳорибаҳои ба истилоҳ бидуни қоида бошад, дар ин навъ роҳандозии маҳдудиятҳои қатъӣ мувофиқи мақсад мебошад», - илова кард Ширин Мамадсафоев.

Шуҳрат Неъматулооев, президенти Федератсияи бокси касбӣ дар мавриди ин масъала қайд кард, ки барои манъи бокси касбӣ асосҳо мавҷуд нестанд.

«Аввалаш чунин навъи варзиш вуҷуд надорад, танҳо бокс мавҷуд аст, ки навъи варзиши олимпӣ буда, дар Тоҷикиситон анъанаҳои хуб дорад », - иброз дошт ӯ. - Ғайр аз ин, ба варзишгарони навъи бокси касбӣ барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ иҷозат дода шудааст».

Ба гуфтаи ӯ, дар кишварҳои ҳамсояи Қазоқистону Ӯзбекистон аз рушди бокс дар сатҳи касбӣ истиқбол намуда, барои дастгирии он барномаҳои дахлдор қабул шудаанд.

«Манъи ин навъи варзиш лозим нест, баракс онро дастгирӣ мебояд кард, то ки ҷавонон бештар ба варзиш рӯ оранд. Агар ин пешниҳод қабул шавад, мо бори дигар дар арсаи байнулмилалдӣ мавриди хандаву истеҳзо қарор мегирем», - қайд кард номбурда.

Дар робита ба дигар навъҳои муҳорибаҳои ҷангӣ номбурда зикр кард, ки ин ҷо воқеан ҳам мушкилот вуҷуд дошта, Кумитаи варзиш ҳамчун мақомоти салоҳиятдор метавонад баргузории мусобиқаҳо дар ин самтро зери назорату танзим гирад ва ҷое маҳдудият ҳам ҷорӣ намояд, то ки амалҳои бераҳмӣ ва зӯроварӣ камтар ҷой дошта бошанд.

«Агар ин навъҳои варзиш манъ карда шаванд, онҳо боз ба фаъолияти пинҳонӣ гузашта,  танзими он душвортар мешавад», - афзуд Шуҳрат Неъматулллоев.