Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон рӯзҳои 20-25 октябр Ҷоми Осиё миёни калонсолон ва Чемпионати Осиё миёни варзишгарони то 23-сола оид ба қайиқронӣ баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 28 нафар (23 варзишгар, 5 мураббӣ) ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои мазкур субҳи имрӯз ба Самарқанд сафар карданд.

Бо истинод ба котиби генералии Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон Нодир Сафаров хабар дода мешавад, ки , варзишгарони мо дар Ҷоми Осиё қувваозмоиҳои К1, К2 – 200м, 1000м, К4 – 500м, С1, С2 – 200 м, 1000 м; С4 – 500м, дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 17-сола қувваозмоиҳои К1 – 200м, 500м, 1000м; К2 – 200м, 1000м; К4 – 500м, С1 – 200м, 500м, 1000м; С2 – 200м, 1000м; С4 – 500м, миёни ҷавонони то 23-сола қувваозмоиҳои К1, К2 – 200м, 500м, 1000м; К4 – 500м, 1000м, С1, С2 – 200м, 500м, 1000м; С4 – 500м, 1000м (писарон), К1, К2 – 200м, 500м, К4 – 500м, С1, С2 – 200м, 500м, С4-500м (духтарон) қувва месанҷанд.  

Зимнан зикр мегардад, ки дар мусобиқаҳо иштироки варзишгарон аз 15 давлати Осиё дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.