Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 7 нафар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи “Grand Slam” ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, “Abu Dhabi Grand Slam 2018” 27-29 октябр баргузор мешавад. Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар мусобиқа 372 варзишгар (230 мард, 142 зан) аз 64 кишвари дунё иштирок менамоянд.
Гуфта мешавад, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз 6 варзишгар бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид ба дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ мекунанд: Мирзоҷамил Рамазонов (-73кг); Раҳматуллобек Фарҳодов (-73кг); Ҷаҳонгир Маҷидов (-81кг); Комроншоҳ Устопириён (-90кг); Саидҷалол Саидов (-100кг) ва Хуршед Маҷидов (+100кг).
Дар асоси низомномаи мусобиқа варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор, барои медали нуқра 3 ҳазор ва барои медалҳои биринҷӣ 1 ҳазору 500-долларӣ ҷоиза мегиранд. Ҳамчунин, варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд.
Тақвими мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо “Abu Dhabi Grand Slam 2018”:
27.10. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон; -60кг, -66кг миёни мардон
28.10. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63кг, -70кг миёни бонувон; -73кг, -81кг миёни мардон
29.10. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон; -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.