Ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Комрон Турсунови 23-сола минбаъд дар мусобиқаи чемпионати Ҳиндустон бозӣ мекунад.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ду мавсими охир Комрон Турсунов дар ҳайати тими “Истиқлол” бозӣ карда, бо ҳуқуқи агенти озод ба дастаи лигаи якуми Ҳиндустон – “Мохун Баган” аз Калкутта гузаштааст.

Муҳлати қарордоди футболбози тоҷик бо ин тими Ҳиндустон як сол пешбинӣ шуда, дар ин даста ӯ таҳти рақами 7 бозӣ хоҳад кард.

Дар ҳайати дастаи “Истиқлол” Комрон Турсунов ду сол пайдарпай дар ҳамаи мусобиқаҳои дохилӣ ғолиб шуда, мунтазам ба ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон даъват мешавад.

Пас аз 4 давр дар мусобиқаи лигаи якуми чемпионати Ҳиндустон дастаи нави Турсунов айни замон зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.